Пешгӯии борони кӯтоҳмуддат дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрохожие гуляют по скверу под зонтами
Прохожие гуляют по скверу под зонтами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 17 дараҷа, дар Суғд то 23 дараҷа, дар Хатлон то 24 ва дар Душанбе то 25 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандапешгӯӣ шуда, дар бисёри ноҳияҳои ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ВМКБ-ро низ шабона борони кӯтоҳмуддат интизор аст. Ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо бебориш дар пеш мебошад. Ҳарорат дар водиҳои шимоли Тоҷикистон шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм дар назар аст.
Купание в горной реке, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2023
Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон оғоз нашудааст, аммо теъдоди ғарқшудаҳо дар ҳоли афзоиш аст
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӣ шуда, шабона ва субҳгоҳон минтақаро тормеғ фаро мегирад. Ҳарорат водиҳои ҷануби Тоҷикистон шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, шабона дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 11+13 дараҷа ва рӯзона то 23+25 дараҷа гармӣ мерасад, мегӯянд ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0