Ташрифи Алиев, дурнамои БАОР, Иди Рамазон, мушкилоти марзӣ – моҳи апрел дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Азербайджанской Республики Ильхам Алиев и Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Азербайджанской Республики Ильхам Алиев и Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Обуна шудан
Миҳимтарин воқеаи сиёсии моҳи гузашта дар Тоҷикистон – ташрифи раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе буд
Тоҷикистон барои ҷаҳони туркзабон ҳарчӣ бештар аҳамият пайдо карда истодааст, бинобар ин, гуфтгӯи сарони ду давлат худ як даъвате буд ба ҳамкориҳои минтақавии чуқуру доманадор.
Дар пасманзари бӯҳрони туғённамудаистодаи ҷаҳонӣ баъзе аз муаммоҳои дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷойдошта, ки метавонистанд ба рушди он таъсири манфӣ расонанд, рӯи об баромаданд. Чунин пешгӯиро таҳлилгарони Бонки рушди АвроОсиёии рушд баён намуданд, ва ҳамчунин эшон барои бартараф намудани хатари ба иқтисодиёт таҳдиддошта як идди чорабиниҳоро пешниҳод доштанд.
Навори дар сегменти сомонаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ҷой дошта бобати таҳқири солорафсарон ҳамтоёни навхизмати хешро дар яке аз қисмҳои низомии қӯшунҳои сарҳадӣ мавҷи изтиробу ғазаби ҳамагонро ба бор овард.
Официальная встреча Президента Азербайджанской Республики Ильхама Алиева и Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Поёни сафари Алиев дар Тоҷикистон: ӯро Раҳмон шахсан гусел кард
Аҳли ҷомеа талаб доштанд, ки ин далели нанговар ба зудӣ мавриди омӯзиш қарор гираду гунаҳгорон ҷазо гиранд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба зудӣ ҷавоб гуфтанд ва чанд парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд.
Дар бораи ин ва дигар воқеаву ҳодисаҳои моҳи апрел дар тафсири ҳармоҳаи анъанавии Sputnik Тоҷикистон.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Ба Душанбе ташриф овардани Илҳом Алиев, ки ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гарм пешвоз гирифт, такони наве буд ба рушд ёфтани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ду кишвар.
Сарони давлатҳо мулоқотро дар шакли “як ба як” оғоз намуданду сипас дар ҳайати васеъ идома доданд. Иштирокдорон аз натиҷаҳои мулоқот қаноатманд буданд.
“Робитаҳои халқҳои мо анъанаҳи неку дерина доранд. Хурсандиовар аст, ки имрӯз муносибатҳои байни ду давлат дар бисёр самтҳо рушд меёбанд. Мо ба ривоҷи минбаъдаи онҳо дар ҳама шакл аҳамияти хоса медиҳем,” - изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Пештар низ ҳамкориҳои Душанбе ва Боку ҷой доштанд, аммо ҳаҷми онҳо кироӣ набуд. Захираҳои иттифоқ хеле бузурганд, ва онҳоро минбаъд фаъолона истифода бурдан мумкин аст. Ин ҷо ҳам соҳаи савдо, ҳам саноат, ҳам нақлиёт дар назар дошта шудааст.
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Алиев Раҳмонро ба Боку даъват кард
“Мо ҳамкориҳои савдову иқтисодиро бо ҷузъиёташ муҳокима намудем. Тарафҳо чунин ҳисобидем, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни кишварҳои мо ба захираҳои тарафайн мувофиқат наменамоянд. Бинобар ин, мо ба хулосае омадем, ки бояд барои афзун намудани ҳаҷми он чораҳои фаврӣ андешида шаванд,“ - қайд намуд сарвари давлати тоҷикон.
Соҳаи истихроҷи маъдани кӯҳиро низ аз хотир набароварданд. Ширкатҳои озарбойҷонӣ ба Тоҷикистон дар таҳияи конҳои нафту газ кӯмак мерасонанд.
Ғайр аз ин, созишномаҳо дар бораи ҳамкориҳои бонкҳои ду кишвар ба имзо расиданд, тарҳҳои нави ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори иқтисодиёт кашида шуданд, лоиҳаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ низ муайян гардиданд.
Тоҷикистон – ягона кишвари форсизабон дар Осиёи марказист, бинобар ин иттифоқи фаъол бо ҷаҳони туркзабон ба манфиати тарафҳо хоҳад буд. Душанбеву Боку дар ин ҷода қадамҳои устувор гузоштанд, ва ин иқдом минбаъд идома хоҳад ёфт.

Пешгӯиҳо ва маслиҳатҳои Бонки АвроОсиёии Рушд

Коршиносони Бонки АвроОсиёгии рушд пастшавии суръати афзоиши иқтисодиёти Тоҷикистонро қайд намуданд. Ба андешаи онҳо, ин пастравӣ “дар сатҳи баланд боқӣ мемонад” ва дар соли равон 6,5% фоизро ташкил медиҳад.
"Интизорӣ меравад, ки пас аз хотима ёфтани бемориҳои ҳамагир сустшавии пастравии сатҳи истеҳсолот нисбат ба соли 2022 (8%-ро ташкил медод) сурат мегирад. Ҳамзамон, сабаби дигари ин амал – камшавии ҳаҷми интиқоли пулӣ нисбат ба соли 2022 мебошад," - омадааст дар ҳуҷҷат.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
БРАО: Тоҷикистон яке аз пешсафон дар рушди иқтисод аст
Аммо ҳатто камтарин пастравӣ ба афзоиши беқурбшавӣ оварда мерасонад, пешгӯӣ доранд таҳлилгарони банк, ва ин ба сабаби ҷаҳиши нархи маводи озуқа ба соҳаи иҷтимоиёт таъсири манфӣ дорад.
Ин раванд аллакай дар ҷумҳурӣ суръат гирифта истодааст, охир қисми зиёди маводи озуқа, аниқтараш – қанди сафед, равғани растанӣ, ғалладонагиҳоро - Тоҷикистон воридот менамояд.
Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, диққати ҷиддӣ ба захираҳои истифоданашудаи содиротӣ дода шавад, ки дар кишвари мо 67 %-ро ташкил медиҳад. Фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ метавонад ин номутавозуниро ислоҳ намояд, ин бошад истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷударо тақозо дорад.
“Майдонҳои кишт дар солҳои охир рӯ ба афзоиш доранд, аммо захираҳои чашмрас барои рушди бошиддат мавҷуд нестанд,”- қайд менамоянд коршиносон.
Паси сар намудани ин садд – маънои соҳиб шудан ба пешрафти устувор дар таъмини амнияти озуқавории кишварро дорад.
Ғайр аз ин пешгӯиву маслиҳатҳо, Бонки АвроОсиёгии рушд кӯмаки худро дар рушди лоиҳаҳо бобати манбаҳои барқароршавандаи энергия – соҳае, ки дар он Тоҷикистон захираҳои зиёд дорад, пешниҳод менамояд. Сармояҳои ин банк ба ин соҳа барои тамоми минтақа 600 млн долларро дар 3 соли оянда ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ, чун анъана, захираҳои гидроэнергетикӣ зиёданд. Ин захираҳо – аз рӯи маълумоти вазорати энергетикаи маҳаллӣ - 527 млрд кВт ⋅соат дар як сол баҳогузорӣ карда мешавад. Ҳоло бошад, аз ин ҳаҷм фақат 4% истифода бурда мешаваду халос. Дар барои чунин манбаҳои барқароршаванда, ба монанди офтобу шамол низ фаромӯш кардан лозим нест.
Ввод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2023
БРАО барои энержии оби Осиёи Марказӣ 400 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад
Ҷойгиршавии ҷурғофии Тоҷикистон имкон медиҳад аз ин манбаҳоо соле дувоздаҳ моҳ истифода барем, фақат барои ин маблағҳои буҷетӣ камӣ мекунанд. Ба он умед бастан мумкин аст, ки маблағгузории Бонки АвроОсиёгии рушд имкон медиҳад ин муаммо дар солҳои наздик ҳал карда шавад.

Иди Рамазон – баҳона барои бадсарӣ нест

Сокинони Тоҷикистон иди асосии мусулмонон – Иди Рамазон – баохиррасии моҳи мубораки рӯзагириро ҷашн гирифтанд. Саҳарии барвақт дар ҳамаи масҷидҳои ҷумҳурӣ мусалмонон намози ид хонданд.
Президент Эмомалӣ Рахмон дар арафаи ин ид ҳамаи ҳамватанонро табрик гуфта, хотиррасон намуд, ки чорабиниҳои идона, ки аз ҷониби сокинин дар ин рӯз баргузор карда мешаванд, набояд ба бозори зоҳирпарастиву худнамоӣ табдил ёбанд.
“Бо дарназардошти шароит ва вазъи кунунии ҷаҳон мо бояд сариштакор бошем, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем ва талаботи қонуни миллӣ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро ҳатман риоя намоем,“ – зикр намуд сарвари давлат.
Нишолло аз ғизоҳои маъмули моҳи Рамазон дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2023
Ширинии шарқӣ: Нишолло аз ғизоҳои маъмули моҳи Рамазон дар Тоҷикистон - видео
Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти ниҳоят ҳассоси сиёсӣ, иҷтисодӣ ва бӯҳронҳои иҷтимоӣ, ки вақтҳои охир инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, сухан гуфт.
Сарвари давлат аз сокинони кишвар даъват ба амал овард, ки “неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро бо ҳисси баланди ватандорӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсӣ эҳтиёт ва ҳифз намоянд.”

Муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ ва қочоқбарон дар сарҳад

Дар моҳи апрел навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардони аз яке аз қисмҳои низомии сарҳадии вилояти Суғд гирифташуда акси садои аз ҳама бештарро соҳиб шуд. Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна кӯҳансарбозон навхизматонро озор медиҳанд, онҳоро таҳқиру ҳақорат доранд. Дар шарҳҳо бинандагон ба таври оммавӣ талаб намудаанд, ки гунаҳгорон муайян карда шуда, ба онҳо ҷазо дода шавад.
Барои вокуниш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ якчанд соат лозим шуд.
Прокуратураи ҳарбӣ санҷиш гузаронида, муайян намуд, ки ҳодисаи ногувори дар навор сабтёфта 15 декабри соли 2022 рух додааст.
“Хизматчиёни ҳарбии қисми низомии № 0215-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон...., қоидаҳои низомномавиро дағалона вайрон намуда, ҳамхизматонашонро заданду ба саломатиашон зарар расониданд,” - хабар дод идора.
Аз рӯи далели ин ҳодисаи ногувор парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст, ҳамаи гумонбарон дастгир шуданд, тафтишоти пешакӣ бурда шуда истодааст, илова намуданд дар прокуратура.
Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2023
КДАМ Тоҷикистон: 2 террористи мусаллаҳи марзшикан дар Язгулом нобуд карда шуданд
Аз афташ, ҷузъиёти ҳодиса то он дараҷа батафсил буд, ки як рӯз пас аллакай Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи боздошти сардори қисми низомии мазкур хабар дод. Ба ҳамаи боздошшудагон мӯҳлатҳои ҳангуфти маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид дорад. .
Сарҳадбонони ВМКБ бошанд, аз воридшавии гурӯҳи фаромиллии қочоқбарони яроқнок бо шумори 8 нафар аз ҳудуди Афғонистони ҳамсоя ба хоки Тоҷикистон пешгирӣ намуда, ба таври бояду шояд вазифаҳои хизматии худро иҷро намуданд.
“Қочоқбарон ба фармони сарҳадбонони тоҷик бобати таслим шудан итоат накарданд ва аз яроқ оташ кушоданд.Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир, яроқу аслиҳаашонро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб сӯи Афғонистон фирор намуданд,”- хабар дод маркази матбуоти отряди сарҳадии “Хоруғ”.
Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёт сардори шӯъбаи шаҳрии КДАМ дар Хоруғ подполковник Комрон Раҷабзода ҷароҳати марговар бардошта, бар асари он ҳалок гардид.
Лентаи хабарҳо
0