Душанбе таҷрибаи шаҳрсозии Ӯзбекистонро меомӯзад

© SputnikВстреча первого заместителя мэра Ташкента Бахтиёра Рахмонова и посла Таджикистана в Узбекистане Рахмонзоды Абдуджаббора Азиза
Встреча первого заместителя мэра Ташкента Бахтиёра Рахмонова и посла Таджикистана в Узбекистане Рахмонзоды Абдуджаббора Азиза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Обуна шудан
Ҳайат аз Душанбе дар чаҳорчӯби сафар ба Тошканд аз як қатор иншоотҳои бузурги ин шаҳр дидан кард ва аз таҷрибаи сохтмони маҳаллӣ ошно шуданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тоҷикистон таҷрибаи Ӯзбекистонро дар бахши шаҳрсозӣ меомӯзад.
Дар ин бора дар мулоқоти муовини аввали раиси шаҳри Тошканд Бахтиёр Раҳмонов бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Азиз Раҳмонзода изҳори назар карда шуд.
Илова бар ин дар ин дидор ҷонибҳо масоили имкониятҳои навсозии зерсохторҳои пойтахти Тоҷикистон ва сохтмони маркази байналмилалии тиҷоратӣ ва комплексҳои ҳозиразамони истиқоматиро баррасӣ карданд.
Тавре ҳайати Тоҷикистон қайд карданд, онҳо ният доранд таҷрибаи шаҳрсозии Ӯзбекистонро ба кор гиранд.
Ҳайати вакилони Душанбе дар чаҳорчӯби сафар ба Тошканд аз як қатор иншооти бузурги пойтахт дидан кард, ки дар онҳо мутахассисони соҳа таҷрибаи сохтмони маҳаллиро омӯзанд.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2023
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон меравад: Чаро?
Қаблан парлумони Ӯзбекистон қонун дар бораи тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.
Лоиҳа ҳамкории мутақобил дар истифодаи муштараки фазои ҳавоӣ ва фурудгоҳҳоро дар ҳолатҳои ғайричашмдошт пешбинӣ мекунад.
Бар асоси ин санад, ҷонибҳо ҳақ доранд, ки дар сурати рафъ шудани ҳолатҳои рафънопазир барои убури кӯтоҳмуддати ҳарими ҳавоии ҳамдигар иҷоза дархост кунанд.
Пас аз тасвиби санад аз ҷониби ҳукумат фармон барои имзо ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фиристода шуд.
Дар ин росто, тасвиби қонун ба таъмини минбаъдаи бехатарии парвозҳо ва таҳкими равобити ду кишвар дар самти таъмини амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0