Сипоси Дабири куллии СҲШ аз Тоҷикистон

© МИД ТаджикистанаМулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Тоҷикистон пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистонро бо дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 5мая — Sputnik. Дабири кулл Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минг ба вазири хориҷаи Тоҷикистон барои дастгирии устувор ва саъю кӯшиши он ба ҳайси роҳбари органи маъмурии СҲШ изҳори сипос намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дабири кулл сипоси худро зимни дидор бо вазири хориҷаи кишвар дар шаҳри Панаҷӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай изҳор кардааст.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки мусоҳибон дар бораи масъалаҳои рӯзномаи СҲШ бо таваҷҷӯҳ ба пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмон табодули назар карданд.
Глава МИД Индии С. Джайшанкар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Вазири хориҷаи Ҳинд: Вазъи Афғонистон то ҳол мавриди таваҷҷуҳи СҲШ аст
Ёдовар мешавем, ки 4-5 майи соли 2023 дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатхои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат варзид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори амиқ анҷом доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он 4-5 июли соли 2023 дар Деҳлии Нав дар назар аст, зоҳир гардид.
Лентаи хабарҳо
0