Намоишгоҳи байналмилалии "Маорифи Русияву Беларус" дар Душанбе чӣ гуна ҷараён дорад

Обуна шудан
Эксклюзив
Намояндагони донишгоҳҳои Русия ва Беларус довталабони тоҷикро бо самтҳо ва барномаҳои таҳсил, шароити дохилшавӣ ва зиндагӣ шинос карданд
Дар Душанбе бори нахуст намоишгоҳи таълимӣ бо ширкати донишгоҳҳои Беларус баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат дошт.
Ҳамин тариқ, дар намоишгоҳи байналмилалӣ 49 муассисаи таҳсилоти олӣ ба намоиш гузошта шуд, ки 39-тоаш аз Русия буда, 10-тои дигар донишгоҳҳои Беларус мебошанд.
Намояндагони донишгоҳҳо довталабонро бо самтҳо ва барномаҳои таҳсил, шароити дохилшавӣ шинос карданд. Барои бакалавру магистрҳо донишгоҳҳо низ имкони идомаи таҳсилро аз рӯи ихтисоси худ пешниҳод кардаанд.
Григорев: дар як сол ҳудуди 5000 тоҷикистонӣ ба донишгоҳҳои Русия дохил шуд
Гуфта мешавад, ки ин намоишгоҳ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ ва сафоратҳои Русияву Беларус дар Душанбе баргузор намуданд.
Намоишгоҳи байнулмилалӣ то 21 май дар Душанбе ва 23 май дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0