Як кишвар хостори ҷойгирсозии пойгоҳи низомии Русия дар қаламраваш шуд

© Пресс-служба ЦВОМарш-бросок военнослужащих 201-й РВБ на границу Таджикистана и Афганистана
Марш-бросок военнослужащих 201-й РВБ на границу Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Обуна шудан
Сафири ин кишвар гуфт, ҳоло давлат ба пойгоҳи низомии Русия ниёз дорад, ки дар он аз панҷ то даҳ ҳазор сарбоз метавонад ҷойгир бошад
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Мақомоти Ҷумҳурии Африқои Марказӣ манфиатдор ҳастанд, ки пойгоҳи низомии Русияро дар қаламрави худ ҷойгир кунанд, менависад "Известия".
Дар ин бора сафири ин ҷумҳурӣ Леон Додону-Пунагаза изҳор доштааст.
Вай тавзеҳ дод, ки таҳдидҳо ба амният дар кишвараш боқӣ мондаанд. Вазъият аз сабаби вуруди гурезагон аз Судон, ки чанде қабл дар онҷо низоъҳои мусаллаҳона оғоз шудааст, боз ҳам шадидтар шуд.
Дар байни гурезаҳо мардон ҳам ҳастанд, ки бо силоҳ омадаанд ва гурӯҳҳои низомӣ онҳоро киро мекунанд, аз ин рӯ шумораи онҳо меафзояд. Ин хатари ҳаракат дар сарҳад аст.
"Кишвари мо дар Африқо аввалин шуда ба Фаронса ва ҳузури низомии онҳо дар ин кишвар муқовимат кард. Аммо ҳоло мо ба пойгоҳи низомии Русия ниёз дорем, ки дар он аз 5 то 10 000 сарбоз мустақар бошанд", - гуфт ӯ.
Сафири ҶАМ барафрохтани парчами Русия дар пойгоҳи собиқи Фаронсаро нишонаи он номид, ки ин кишвар "ниҳоят фаронсавиҳоро аз кишвар рондааст" ва "акнун Русия бо ҶАМ якҷо хоҳад буд".
Ба гуфтаи дипломат, ҳузури мутахассисони низомии Русия дар ин кишвар тавоноии ҷангии артишро тақвият додааст.
"Он бояд идома ёбад (ҳамкориҳои низомӣ - ред.). Аммо бархе аз кишварҳо аз он норозӣ ҳастанд. Дар ҳафтаҳои ахир, вақте Русия ба мо 6 ҳавопаймои низомӣ дод, фаронсавиҳо норозигӣ кард",- гуфт Леон Додону-Пунагаза.
Аммо сарфи назар аз чунин вокуниш, Африқо ба ҳамкорӣ бо Русия манфиатдор аст, хулоса кард мусоҳиб.
Лентаи хабарҳо
0