Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон: "Эсхата" бо шикасти "Равшан" ба пои "Истиқлол" расид

© ФФТФК "Эсхата" (Худжанд)
ФК Эсхата (Худжанд) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Обуна шудан
Тими футболи "Эсхата" ба зинаи 2-юми ҷадвал баромад ва ба "Истиқлол" наздик шуд, ки тафовут бо бошгоҳи душанбегӣ танҳо 1 хол мебошад
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар бозии асосии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаи "Эсхата"-и Хуҷанд бар "Равшани Кӯлоб" пирӯзии калон ба даст овард.
Дар ин бора Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар дод. Қайд карда мешавад, ки бозӣ бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, "банкирҳо" ба зинаи 2-юми ҷадвали мусобиқа баромаданд ва ба "Истиқлол" наздик шуданд. Ҳоло "Эсхата" аз бошгоҳи Душанбе ҳамагӣ як хол қафо мондааст.
Аммо федератсияи футбол таъкид мекунад, ки "Истиқлол" боз як бозии дигар дар пеш дорад.
"Вохӯрӣ бо ССКА ба далели омодагии тими миллии Тоҷикистон ба мусобиқаи CAFA Nations Cup-2023 ба рӯзи дертар мавқуф гузошта шуд", — гуфта мешадар иттилоияи ФФТ.
Интизор меравад, ки бозиҳои даври баъдӣ рӯзҳои 24 ва 25 май баргузор шаванд.
Қаблан аввалин рақибони тими Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола маълум шуд.
Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон, нахустин бозии тими миллии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии мураббӣ Мубин Эргашев рӯзи 6 сентябр бо тими Лаос доир мешавад.
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Санаи зӯрозмоии тими Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе маълум шуд
Дар даври дуюм тоҷикон бо тими Кореяи Ҷанубӣ ва дар бозии сеюм австралиягиҳо бо онҳо бозӣ мекунанд.
Ин бозиҳо рӯзҳои 9 ва 12 сентябр баргузор мешаванд, ки ҳамаи дастаҳо дар гурӯҳи I мебошанд.
Дар мусобиқаи интихобӣ байни дастаҳои олимпии то 23-сола 42 даста ширкат меварзанд.
Ғолибони 11 гурӯҳ ва ҳамчунин 4 дастаи беҳтарин дар байни ҷойҳои дуюм ба финали Ҷоми Осиё, ки баҳори соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0