Ҷалби сармоягузорӣ - амри зарурӣ: музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар

© Хадамоти матбуотии президенти ТоҷикистонМузокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Обуна шудан
Дар музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ, густариши робитаҳои илмию фарҳангиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Душанбе музокироти васеъ бо ширкати ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қатар баргузор шуд.
Дар ин музокирот, маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди онҳо, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳу раванди муносибатҳои ду давлат ва аз ҷараёни рушди онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳайати Тоҷикистон таваҷҷуҳи сиёсатмадорони арабро ба сармоягузорӣ ҷалб намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.
"Афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатар ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон амри зарурӣ шумурда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ ёдоварӣ карда, ки дар ин самт ду давлат ҳанӯз имкониятҳои васеъ доранд ва истифодаи ҳарчи фаъоли онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо мебошад.
Ҳамчунин, истифода аз имкониятҳои фаровон дар соҳаҳои энергетика, саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди маъдан, металлургияи сиёҳу ранга, кишоварзӣ ва сайёҳӣ барои ҳар ду давлат судманд номида шуд.
Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе ифтитоҳ шуд
Дар баробари ин, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, бахусус оби нӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза низ мавриди музокира қарор гирифт.
Ба ҷониби Қатар барои кумаки беғаразона дар бунёди “Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе” сипоси самимии мардуми Тоҷикистон расонда шуд.
Лентаи хабарҳо
0