Рамзӣ Шамиров: Таваҷҷӯҳ ба дзюдо миёни занон дар Тоҷикистон афзоиш меёбад

© Sputnik Дзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Мураббии тоҷик гуфт, ки духтарон бештар ба ин варзиш машғул шуда, ширкати онҳо дар мусобиқот дигаронро ҷалб мекунад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Таваҷҷуҳ ба дзюдо миёни занон дар Тоҷикистон афзоиш меёбад, гуфт Рамзӣ Шамиров, довари Федератсияи байнулмилалии дзюдо дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, як вақтҳо дар ҷумҳурӣ тими занонаи пурқувват вуҷуд дошт.
"Аммо баъд ҳама чиз тағйир ёфт, духтарон кам шуданд. Ҳоло ҳама чиз эҳё мешавад, занон ба дзюдо рафтанро оғоз кардаанд ва дигарон мебинанд, ки онҳо дар мусобиқоти сатҳи баланд чӣ гуна ҳунарнамоӣ мекунанд ва таваҷҷуҳ ба дзюдо меафзояд”, - гуфт ӯ.
Шамиров қайд кард, ки ҳар як сокини Тоҷикистон дӯстдори ин намуди варзиш аст.
"Тоҷикистон кишвари куштигирон аст, ки ин навъи варзиш ба ҷудо наздик аст. Дар ин ҷо ҳама аз куштӣ огоҳанд. барои мисол, дар Гран Прии Душанбе ҳамаи толор пур аз мухлисон буд, агар толор имкони ғунҷондани то 100 ҳазор нафарро дошт, ҷойи холӣ пайдо намешуд", - таъкид намуд ӯ.
Мураббӣ ҳамчунин ташкили мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо, ки бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузор гардид, баҳои мусбат дод.
Навори лаҳзаҳои ҷолиби мусобиқаи байналмилалии Grand Prix Dushanbe 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Лаҳзаҳои ҷолиби Grand Prix Dushanbe 2023 - видео
"Ташкили Гран При дар Душанбе аз ҷониби раиси Федератсияи ҷудои нишон дод, ки то чӣ андоза ҷонибдори ин навъи варзиш аст ва мо омодаем барои рушди ин самт дар Тоҷикистон талош кунем", - хулоса кард мутахассис.
Ёдовар мешавем, ки аз 2 то 4 июн дар шаҳри Душанбе Гран При баргузор шуд. Варзишгарони тоҷик дар ҷамъбасти мусобиқот 3 медали тило ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0