Зардолуи Ашт ба Эрону Арабистон содирот мешавад

© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдЗардолуҳои ноҳияи Ашт
Зардолуҳои ноҳияи Ашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Обуна шудан
Ноҳияи Ашт яке аз манотиқи аслии бардошти зардолу ба шумор меравад. Дар ин ноҳия 16 ҳазор га боғи зардолу вуҷуд дорад, ки 8,5 ҳазор га самардиҳанда аст
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишоварзони ноҳияи Ашт қасд доранд, зардолуро ба Эрону Арабистон содирот кунанд.
Дар ин бора Бахтиёр Усмонов, раиси идораи кишоварзии ноҳияи Ашт хабар дод. Ба таъкиди ӯ, ҳоло ширкатҳои фароварии меваи минтақаи Суғд беш аз се ҳазор тон зардолу ба Русияву Қазоқистон содир кардаанд.
"Дар ҳоли ҳозир дар ҳоли музокира барои содироти ин мева ба кишварҳои Эрон ва Арабистон ҳастанд", - афзудааст Усмонов.
Кишоварзони ин ноҳия мегӯянд, ки имсол бардошти зардолу хуб аст ва тахмин зада мешавад, ки то 24 ҳазор тон зардолу ҷамъоварӣ шавад.
Дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии зардолу дар шаҳристонҳо ва бахшҳои минтақа идома дорад ва қарор аст, то 100 ҳазор тон зардолу ҷамъоварӣ шавад.
Ҳамарӯза то 50 тонна зардолуи ноҳияи Ашт ба Русия ва Қазоқистон меравад - акс
Ноҳияи Ашт яке аз манотиқи аслии бардошти зардолу ба шумор меравад. Дар ин ноҳия 16 ҳазор ҳектор боғи зардолу вуҷуд дорад, ки 8.5 ҳазор ҳектори он самарадиҳанда аст .
Қаблан, Раҷаббой Аҳмадзода хаар дод, ки ҳамарӯза тавассути беш аз 50 нақлиёти калони боркаш наздики 50 тонна зардолуҳои ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон фиристода мешавад.​
Лентаи хабарҳо
0