Муовини сарвазири Русия дар Херсон қариб зери мушакборон неруҳои украинӣ қарор мегирифт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМинистр промышленности и торговли РФ Денис Мантуров
Министр промышленности и торговли РФ Денис Мантуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Обуна шудан
Пас аз чанд дақиқаи рафтани мақоми баланди ҳукумати Русия, нерӯҳои украинӣ бо мушакҳои бритониёии "Storm Shadow" ба ин макон ҳамла карданд
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Муовини нахуствазир ва вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров ҳангоми сафараш ба вилояти Херсон қариб буд, ки зери оташи тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина мемонд.
Мантуров бо раҳбарияти вилоят масъалаи кумак ба сокинони манотиқи зериобмонда ва таъмини онҳо бо маводи зарурӣ, доруворӣ ва ғизоро баррасӣ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати саноат ва савдо.
Вазорат таъйид кард, ки чанд дақиқа пас аз рафтани арбоби давлатӣ, нирӯҳои украинӣ бо мушакҳои бритониёии Storm Shadow ба ин макон ҳамла кардаанд.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин тахриби садди Каховскаяро амали ваҳшиёнаю террористӣ хонд
Ёдовар мешавем, ки шаби 6 июни соли 2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нерӯгоҳи барқи обии Каховская ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа данба хароб шуда, бе назорат берун рафтани об оғоз шуд.
Вайрон шудани НБО ба табиат зарари калон расонд, киштзорҳои хоҷагии қишлоқи соҳили Днепр низ шуста шуданд.
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков ҳамла ба нерӯгоҳи Каховскро як тахрибкории барқасдона аз ҷониби Украина номид.
Вай афзуд, ки Киев бояд тамоми масъулиятро барои оқибатҳои ин ҳодиса бар дӯш дорад.
Лентаи хабарҳо
0