Зарбаҳои шадиди артиши Русия ба макони истиқрори нерӯҳои Украина

© Sputnik / Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкФрегат "Адмирал Горшков" провел успешный пуск ракеты "Циркон"
Фрегат Адмирал Горшков провел успешный пуск ракеты Циркон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки артиши Русия бо мушакҳои ҳушманди дақиқи ба ҷойҳои истиқрори захираҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина зарба заданд
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Вазорати дифои Русия иттилоъ додааст, ки низомиён шабона ба ҷойҳои истиқрори захираҳо ва нерӯҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд.
"Ба иншоотҳои таъйиншуда зарба зада шуд. Мушакҳо ба ҳадафҳо расиданд", - таъкид кардааст вазорат.
Зарба бо аслиҳаи дақиқи баландпарвози дурбурд аз баҳр анҷом дода шуд.
Илова бар ин, низомиёни Русия ба посгоҳи фармондеҳӣ ва нозирони баталйони 68-уми бригадаи Яегери нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар КХДР зарба заданд.
Инчунин дар вилояти Харков як анбори лавозимоти ҷангӣ нобуд карда шуд.
Илова бар ин, дар вилояти Днепропетровск низомиёни Русия ба истгоҳи радарии системи С-300 зарба заданд.
Подписание контракта с добровольческим отрядом Ахмат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Имзои нахустин созишномаи дастаи довталабони “Ахмат” бо Вазорати дифои Русия – видео
Системаҳои дифои ҳавоӣ як мушаки тактикии "Точка-У"-и украинӣ ва ҳашт паҳподро нобуд карданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз демилитаризатсия ва нозизудоии Украина иборатанд.
Кишварҳои ғарбӣ қасд доранд, ки барои ноором кардани вазъ дар минтақа ба Киев силоҳу муҳимот интиқол диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0