Иштироки шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи “Russian judo tоur Челябинск-2023”

© аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонМусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон
Мусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Дар ин мусобиқа иштироки ҳудуди 400 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15 июня — Sputnik. Тими ҷудои Тоҷикистон дар “Russian judo tоur Челябинск-2023” ширкат мекунад, иттилоъ додааст Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, 24-25 июн дар шаҳри Челябински Русия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи “Russian judo tоur” баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.
Тибқи низомнома дар рӯзи аввал варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг миёни мардҳо ва -63кг, -70кг, -78кг, +78кг миёни бонувон сабқат мекунанд. Рӯзи дуюм бошад, мардҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг гуштин мегиранд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа шаш варзишгарро ба Челябинск равон мекунад
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Ҳаҷми фонди ҷоизаи Гран При Душанбе - 2023 оид ба ҷудо маълум шуд
Дар ин мусобиқа Ҳакдод Гулов (-60кг), Суҳроб Боқиев (-66кг), Абубакр Шеров (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода (-81кг), Улуғбек Раҳимов (-100кг), Иброҳимҷон Элмуродов (+100кг) иштирок хоҳанд кард.
Қайд карда шудааст, ки варзишгаронро дар ин сафар раиси Комиссияи доварони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Зариф Назриев намояндагӣ мекунад.
Дар мусобиқа иштироки ҳудуди 400 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст.
Манбаъ илова кардааст, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0