Ҷумъахонзода: Вазифаи СҲШ ҷалби аъзои нав аст

© Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Торгово-промышленной палаты Таджикистана
Пресс-конференция Торгово-промышленной палаты Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Намояндаи Тоҷикистон дар бораи аҳамияти рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани ҷолибияти СҲШ дар арсаи ҷаҳонӣ сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ аз авлавиятҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай боқӣ мемонад. Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдои Тоҷикистон ва раиси бахши тоҷикистонии Шӯрои тиҷоратии СҲШ изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳои иқтисодии аъзои блок бояд дар пуштибонии ташаббусҳои доираҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон асос ёбад.
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Внешэкономбанк хостори низоми ҳисоббаробаркунӣ бо пулҳои миллӣ шуд
Ҷумъахонзода қайд кард, ки дар ин ҷо масъалаҳои нақлиёту логистика ва роҳандозии равобити тиҷоратӣ байни давлатҳо нақши муҳим доранд. Ба андешаи ӯ, маҳз кор барои аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар ҳаракати молу хизматрасонӣ метавонад рақобатпазирии СҲШ-ро афзоиш диҳад ва аъзои навро ҷалб кунад.
Қаблан Внешэкономбонк аз ҳукуматҳои Русия ва Чин даъват карда буд, ки ташкили низоми муассири ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо рубл, юан ва асъори кишварҳои дигари узви СҲШ ва БРИКСро суръат бахшанд.
"Мо ҳам аз ҳукумати Русия ва ҳам шарикони мо аз Чин даъват мекунем, ки ҳарчи фаъолтар амал кунанд, то ҳарчи зудтар чунин зерсохтор пайдо шавад", - гуфт Игор Шувалов, раиси бонк.
Амиқсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бидуни эҷоди инфрасохтори комилан нав барои шарикии иқтисодии давлатҳо ғайриимкон аст, таъкид кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0