Парлумон татбиқи лоиҳаи нави кишоварзӣ ба маблағи 100 млн. долларро тасдиқ кард

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкТрактор на посевных работах
Трактор на посевных работах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Обуна шудан
Лоиҳаи нави кишоварзӣ барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 16 июн— Sputnik. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Директори минтақавии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна Дина Салеҳ ва Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Роберто Лонго мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳа табодули афкор намуданд.
Ҳмзамон дар мулоқот дар бораи рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон маълумот дода шуда, вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаи "Дастгирии кишоварзӣ" изҳори назар карда шуд.
Территория насосной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Хатлон заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ даровард
Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки Лоиҳаи татбиқшаванда барои беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъдаи он дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Таъкид шудааст, ки лоиҳаи "Дастгирии кишоварзӣ" дар заминаи ҷомеа ҳоло бомуваффақият амалӣ мешавад ва чанде қабл Лоиҳаи нави он дар заминаи ҷомеа барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқ гардида, маблағи умумии он 100 млн. долларро ташкил медиҳад.
Зикр гардидааст, ки дар татбиқи босамари Лоиҳа ба сифати шарикони ҳамкор Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҷалб гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0