Ҳушдори КҲФ аз гармои тоқатфарсо дар Тоҷикистон: то 47 дараҷа мерасад

© AFP 2023 / DAMIEN MEYERТермометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ҳарорати ҳаво дар ин ҳафта дар қаламрави кишвар то 47 дараҷа боло хоҳад рафт
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 19 то 24 июни соли равон дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои хушку гарм идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, дар водиҳои вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво то 47, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 43, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо то 39 дараҷа гарм мешавад.
КҲФ хабар додааст, ки дар баъзе ноҳияҳо рӯзҳои 23-24 июни соли 2023 дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ тӯфони чангу ғубор дар назар аст.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар ҳамин ҳол, КҲФ ҳушдор додааст, ки дар ин давра бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво сатҳи оби ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баланд мешавад.
“Бар асари гармӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани сели пиряхӣ вуҷуд дорад”, - иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.
Дар робита ба ин, ин ниҳоди давлатӣ аз аҳолӣ даъват кард, ки тамоми чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, партовҳоро ҷӯйборҳои селрав тоза намуда, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани гов ва шикор дар баландкӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин КҲФ ронандагонро ҳушдор додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ё дар минтақаҳои селрави хавфноки роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинхоро қатъиян риоя карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0