Русия: Пентагон ният дорад ВИЧ ва гепатити В-ро бо истифода аз ҳашарот паҳн кунад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкВ лаборатории особо опасных и природно-очаговых инфекций в Калининграде
В лаборатории особо опасных и природно-очаговых инфекций в Калининграде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида аллакай хомӯшакҳои олуда ба вируси гепатити В-ро дарёфт кардааст ва дар фикри гирдоврии дигар намудҳост
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Пентагон кӯшиш мекунад, ки популятсияи ҳайвоноти хурдро, ки қобилияти паҳнсозии вируси норасоии масунияти одам ва гепатити В доранд, ба даст оранд.
Дар ин бора сардори нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ генерал-лейтенант Игор Кириллов изҳор дошт.
"Пентагон кӯшиши ба даст овардани популятсияҳои интиқолдиҳандагонро идома медиҳад, ки микроорганизмҳои онҳо дар шароити табиӣ, аз қабили Эбола, СПИД ва синдроми шадиди роҳи нафас паҳн намешаванд",- гуфт ӯ зимни брифинги Вазорати дифои Русия.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай намунаҳои хомӯшакҳои мубталои вируси гепатити В гирифта шудааст.
Вай инчунин таъкид кард, ки барои баланд бардоштани таъсири арбовирусҳо коршиносони низомии ИМА аз патогенҳои сироятҳои паразитӣ, аз қабили микрофилярияҳо фаъолона истифода мебаранд.
"Мушаххас аст, ки бисёр бемориҳои тадқиқшуда, масалан, табларзаи конго-қрими, энтсифалитҳои мунтақила ва японӣ дар ИМА пайдо намешаванд ва ба қитъаи Америкои Шимолӣ таҳдид намекунанд", — гуфт генерал.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Таъкиди Патрушев ба таъмини амнияти биологӣ дар ҳудуди СҲШ
Иёлоти Муттаҳида дар зери пардаи вазифаҳои осоишта дастаҷамъӣ касалиҳои патогениро аз мамлакатҳои Осиёи Миёна ва Кавказ қабул мекунанд.
Қаблан Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки дар Украина Амрико алайҳи Русия меҷангад.
Ба гуфтаи вай, ИМА аз зарфиятҳои НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва тавоноии сохторҳои мусаллаҳ дар Киев истифода мекунад.
Патрушев, аз ҷумла, диққатро ба миллатгароёни навбаромади ҷонибдори ИМА ҷалб намуд, ки онҳоро "худи онҳо офаридаанд".
Лентаи хабарҳо
0