Се варзишгари тоҷик дар олимпиадаи Берлин иштирок мекунанд

© Сафорати Тоҷикистон дар ОлмонВарзишгарони тоҷик ҳамроҳ бо сафири Тоҷикистон дар Олмон дар олимпиадаи махсуси Берлин
Варзишгарони тоҷик ҳамроҳ бо сафири Тоҷикистон дар Олмон дар олимпиадаи махсуси Берлин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Обуна шудан
Дар мусобиқаи мазкур ҳудуди ҳафт ҳазор варзишгари риштаи сабук, ки дорои маълулияти рӯҳӣ ва норасоии шадиди зеҳнӣ мебошанд. иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тоҷикистонро дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ - Берлин 2023 се варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, варзишгарони тоҷик дар намуди давидан ва тенниси рӯи миз иштирок мекунанд.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ ҳудуди 7000 варзишгари риштаи варзиши сабуки дорои маълулияти рӯҳӣ ва норасоии шадиди зеҳнӣ аз 180 кишвари мухталиф дар 26 намуди варзиш ширкат меварзанд.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Паҳлавонони тоҷик дар Бишкек се медал ба даст оварданд
Манбаъ меафзояд, сафири Тоҷикистон дар Олмон, Имомуддин Сатторов дар маросими расмӣ ҳузур дошт ва варзишгарони тоҷикро ҳангоми гузашти умумӣ дар варзишгоҳи олимпии Берлин истиқбол гирифта, ба онҳо муваффақият таманно кард.
Зикр гардид, гурӯҳе аз тоҷикистониёни муқими Берлин ва аъзои оилаи дипломатҳои тоҷик низ барои мухлисии варзишгарони ҳамватани худ ба майдони варзишӣ омаданд.
Бояд гуфт, нахустин Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ соли 1968 дар Чикаго доир гардида, ҳамакнун мусобиқаҳо дар чор сол як маротиба дар кишварҳои мухталиф гузаронида мешаванд.
Дар умум 5,2 млн варзишгарон аз 174 кишвар ба ин ҷунбиш дохил ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0