Аҳмадзода: Мубодилаи мол миёни вилояти Суғд ва митақаҳои Русия беш аз 600 млн. доллар аст

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдМулоқоти раиси вилояти Суғд бо ноиби вазири рушди иқтисоди Русия
Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо ноиби вазири рушди иқтисоди Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Раиси вилояти Суғд ва ноби вазир рушди иутисоди Русия зимни мулоқот аз равобити дӯстонаи ду кишвар ёдовар шуда, дар бораи ҳамкориҳои мутақобила таъкид намуданд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач мулоқот анҷом доданд.
Дар бораи баргузории ин мулоқот Музаффар Юнусов, раиси Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар ҷараёни мулоқот раиси вилояти Суғд ва ҳайати меҳмонони расмии Русия аз нақши ҳамкориҳои дуҷониба ишора кардаанд.
“Дар ҷараёни мулоқот дар бораи нақши муассири ҳамкориҳо таъкид гардида ҷонибҳо барои боз ҳам васеъ намудани ҳамкориҳо бо минтақаҳои гуногуни Русия ибрози назар намуданд” - гуфт, Юнусов.
Бар пояи иттилоъи Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ҳаҷми мубодилаи мол миёни вилояти Суғд ва митақаҳои Федератсияи Русия ба беш аз 600 млн. доллар баробар шудааст.
Оқои Аҳмадзода дар бораи имкониятҳои фаррохи водии Суғд таъкид варзида гуфтааст, ки соҳибкорон ва ширкатҳои бонуфузи Русия метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург аз қабили бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, коркард, банду баст, кӯҳиву металлургӣ, нассоҷӣ, азхудкунии заминҳо фаъолона ширкат варзанд.
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Даъвати Сафири Тоҷикистон дар Русия ба таҷлили 80-солагии Ғалаба дар муҳорибаи Курск
Дмитрий Волвач дар навбати худ аз чунин таваҷҷуҳ ва раванди ҳамкорӣ дар сатҳҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳадафи аслии сафари ҳайат маҳз ба тақвияти ҳамшарикии соҳибкорони Русия Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Вилояти Суғд водии имкониятҳо ба ҳисоб рафта, ҳамасола ташкили Ярмаркаи байналмиллалии савдо ба ҷалби саромояи мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои бузург заминаи воқеъӣ мегузорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи баргузор шудани форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия дар Хуҷанд иттилоъ дод.
Ба хабари манбаъ қарор аст, ин ҷаласаи корӣ рӯзи 23 июн дар толори меҳмонхонаи байналмиллаии “Суғдиён” и Хуҷанд доир гардад.
Дар пайи баргузории ин ҳамоиши соҳибкорон дар назар аст, тарҳҳои муштараки иқтисодӣ амалӣ карда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0