Вазирони СААД масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

© AFP 2023 / MUSUADEQ SADEQТаджикистан-Афганистан граница
Таджикистан-Афганистан граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Обуна шудан
Вазирон дар ҳайати маҳдуду васеъ оид ба вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои СААД табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон яке аз мавзӯъҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Минск буд.
Ширкаткунандагони ин нишаст дар мавриди таҳияи барномаи марбутаи байнидавлатии ин созмон табодули назар карданд, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Дар ҷамъбасти мулоқот дар бораи вазъияти Афғонистон изҳорот қабул карда шуд.
Ғайр аз ин, вазирони корҳои хориҷӣ ҳуҷҷатеро дар бораи пешгирии мусобиқаи яроқпартоӣ дар фазои кайҳон тасдиқ карданд.
Қаблан Русия, Белорус, Венесуэла, Чин, Куреи Шимолӣ, Никарагуа ва Сурия хостори таҳияи санади ҳатмӣ дар СММ дар бораи ҷилавгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотӣ дар кайҳон шуданд.
Лавров: Ғарб қасд дорад СААД, БРИКС ва СҲШ-ро тақсим кунад
Қарор аст, ҳамчун асос барои кор, лоиҳаи шартномаи Русияву Чин дар бораи пешгирӣ аз ҷойгиркунии силоҳ дар кайҳон, гирифта шуд.
Лентаи хабарҳо
0