Дар вилояти Суғд дар остонаи Иди Қурбон ярмаркаҳо баргузор мешаванд

© MNKВ Ховалингском районе прошла выставка сельхозпродукции
В Ховалингском районе прошла выставка сельхозпродукции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар як қатор шаҳрҳои бузурги вилояти Суғд: Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон чорабиниҳои идона баргузор мешаванд, хабар доданд аз Раёсати кишоварзии вилоят
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар остонаи таҷлили Иди Қурбон дар як қатор шаҳрҳои вилояти Суғд ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд.
Дар ин бора, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сардори Раёсати кишоварзии вилоят Маъруф Шарифиён хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба ифтихори таҷлили ин ид ҳар ҳафта ба таври васеъ ярмаркаҳо ташкил карда мешаванд.
Чорабиниҳо дар шаҳрҳои бузурги Суғд: Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон баргузор мешаванд.
Ба ин тартиб, дар дуввумин шаҳри сераҳолии Тоҷикистон пас аз Душанбе, ярмарка дар майдони назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир хоҳад шуд.
Дар маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳ — дар кӯчаи асосии назди бозори "Помир".
Дар шаҳре, ки нерӯгоҳи "Қайроққум" ҷойгир аст — дар кӯчаи Дружба Народов, дар шафати чойхонаи "Онаҷон".
Тоҷикистониён моҳи июн 5 ид ва 10 рӯзи истироҳатӣ доранд
Пештар хабар дода шуд, ки дар чор ноҳияи Душанбе дар остонаи Иди Қурбон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд:
Имсоили Сомонӣ - бозори "Меҳргон";
Шоҳмансур - назди Кумитаи сохтусоз ва меъморӣ;
Сино - бозори "Деҳқон" ва майдони Қараболо;
Фирдавсӣ - бозори "Саховат".
Ёдрас мешавем, ки имсол бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон ва бо қарори Шӯрои уламо Иди Қурбон 28 июн таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0