Талоши Киев барои анҷоми як ҳамлаи террористӣ дар атрофи Маскав шикаст хурд – акс

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкПроведение спецоперации ВС РФ в южном направлении
Проведение спецоперации ВС РФ в южном направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Обуна шудан
Вазорати дифоли Русия гуфтааст, ки Киев бо истифода аз се паҳпод дар атрофи Маскав кушиши ба анҷоми ҳамлаи террористӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Вазорати дифои Русия эълом кард, ки Киев бо истифода аз се паҳпод аз навъи ҳавопаймо дар таъсисоти минтақаи Маскав иқдом ба анҷоми як ҳамла террористӣ кардааст.
"Ин ҳамлаи террористӣ нофарҷом, ҳеҷ талафот ё хисорате дар пай надошт. Ҳамаи паҳподҳо бо таҷҳизоти ҷанги электроникӣ саркӯб шуданд ва пас аз он кантроли худро аз даст доданд ва суқӯт карданд", - иттилоъ дод вазорати дифоъ.
Фармондори минтақаи Маскав Андрей Воробёв гуфт, ки дар авоили субҳ ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба анборҳои яке аз воҳидҳои Низомӣ дар қарияи Калининетс ноҳияи шаҳрии Нора-Фоминск суқӯт карданд.
Дар 30 май Украина як ҳамлаи террористии паҳподӣ ба Маскав анҷом дод.
Ба гуфта вазорати дифои Русия, Киев ҳашт паҳпод аз навъи ҳавопайморо мустақар кардааст: панҷ фарванд аз як комплекси таслеҳоти зиди ҳавоӣ дар минтақаи Маскав сарнигун шуданд, се фарванди тавассути таҷҳизоти ҷанги электроникӣ сарнигун шуданд.
Димитрй Пескрв, сухангуии раисҷумҳури Русия, дар мавриди ҳамлаи ҳавопаймоӣ бидуни сарнишин гуфт, ки ин посухи режим Киев ба ҳамалоти муассири Русия аст, ки ду рӯз қабл ба яке аз марокизи тасмимгирӣ сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0