Ҳарифони футзалбозони тоҷик дар бозии интихобии Ҷоми Осиё маълум шуд

© ФФТСборная Таджикистана по мини-футболу
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Обуна шудан
Ҳама дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ин мусобиқа ширкат доранд, дар гурӯҳҳои гуногун ҷамъ омадаанд ва дар доираи интихоб дар майдон вохӯрда наметавонанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар қароргоҳи AFC дар Куала-Лумпур қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал баргузор шуд.
Дар натиҷа дастаҳо, ки ҳамагӣ 31-то буданд, ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд.
Бар асоси натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар баробари Ҳиндустон, Фаластин ва Мянмор ба гурӯҳи “Е” шомил шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тамоми дастаҳои дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ин мусобиқот – Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон – дар гурӯҳҳои гуногун ҷамъ омадаанд, дар марҳилаи интихобӣ зидди ҳам бозӣ намекунанд.
Матч по футзалу Таджикистан-Грузия 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Тоҷикистон мизбони даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба футзал мешавад
Ғолибони ҳар гурӯҳ ва инчунин 7 ҷои дуюм, ба даври ниҳоии Ҷоми футзали Осиё роҳ меёбанд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон яке аз кишварҳое хоҳад буд, ки мусобиқоти интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024-ро мизбонӣ мекунад.
Ҳамчунин дар Ӯзбекистон, Баҳрайн, Тайбейи Чин, Индонезия, Муғулистон, Таиланд ва Қирғизистон бозиҳо баргузор мешаванд.
Мусобиқаи интихобӣ аз 7 то 11 октябр дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0