Мактаббачаҳои Тоҷикистон дар форуми ИДМ дар бораи одатҳои миллӣ хоҳанд гуфт

© Пресс-служба МПА СНГШкольники на форуме государств – участников СНГ "Дети Содружества"
Школьники на форуме государств – участников СНГ Дети Содружества - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Обуна шудан
Дар ин ҳамоиш, мактаббачагони тоҷик, ҳамчунин наврасон аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд
ДУШАНБЕ, 23 июнь — Sputnik. Дар урдугоҳи бачагонаи “Симурғ”-и вилояти Тошканди Ӯзбекистон ҳаштумин анҷумани байналмилалии фарҳангиву маърифатии кишварҳои узви ИДМ "Кӯдакони Иттиҳод" ифтитоҳ ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.
Дар ин чорабинӣ, ки аз 21 то 30 июн идома меёбад, мактаббачагони тоҷик ширкат иштирок намуда истодаанд. Ба ҷуз наврасони тоҷик, мактаббачаҳо аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин ҳамоиш ширкат доранд.
Имсол шиори ин ҳамоиш "Фарзандони Иттиҳод" аст: пайванди ногусастании замонҳо ва наслҳо.
"Дар рӯзи аввали форум муаррифии таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Ӯзбакистон баргузор шуд. Дар тӯли 9 рӯзи оянда ҳар як ҳайат анъанаву расм ва оинҳои миллии кишвари худро муаррифӣ хмекунад", — иттилоъ додааст ташкилкунандагони ин чорабинӣ.
Барои мактаббачагон дар ин ҳамоиш экскурсияҳо, намоишгоҳҳо, дарсҳои маҳорат, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои фикрӣ, машғулиятҳои тарбиявӣ, чемпионати мусиқӣ, шабҳои назм, намоиши сирк, намоиши филмҳо, дискотекаҳо ва ғайра гузаронда мешаванд.
Флаги стран-участниц заседания Совета министров иностранных дел СНГ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт, ки чаро ИДМ таҳдид барои Ғарб аст
Ҳамзамон, тавре созмондиҳандагон қайд мекунанд, ҳадафи асосии лоиҳа эҷоди як платформаи байналмилалӣ барои тарбияи кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ мебошад.
Форуми кӯдакони Иттиҳод аз соли 2013 ҳамасола баргузор мешавад. Дар давоми мавҷудияти он дар маҷмӯъ беш аз 700 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд.
Лентаи хабарҳо
0