Суғд бо минтақаҳои Русия ҳамкорӣ ба роҳ мемонад

© Хадамоти матбуоти раиси виляти СуғдМулоқоти Аҳмадзода бо намояндагони палатаи савдо ва саноати Русия
Мулоқоти Аҳмадзода бо намояндагони палатаи савдо ва саноати Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, содироту воридоти масолеҳи сохтмонӣ, меваҷот ва дигар ҷанбаҳо дар мулоқоти раиси Суғд ва намояндагони Русия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар қароргоҳи сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо намояндагони палатаи савдо ва саноати Русия баргузор гардид.
Дар ин бора Шарифҷон Аҳмадов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур ба ҷуз аз раиси вилоят, ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанд ва роҳбари "Тоҷикстандарт" иштирок намуданд.
Русияро раисони палатаи савдо ва саноати минтақаҳои Приморск, вилояти Маскав, Липетск, Краснодар, Курск ва Нижегородск намояндагӣ намуданд.
Баргузории ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Русия дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2023
Азми соҳибкорони Тоҷикистону Русия барои бунёди корхонаҳои муштарак - видео
Ҳадафи мулоқотро Аҳмадов ба роҳ мондани ҳамкории минтақаҳои Русия бо вилояти Суғд арзёбӣ кард.
Дар мулоқот аз ҷумла масъалаи тиҷорату савдо, содироти меваҷот аз Тоҷикистон ва ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ аз минтақаҳои Русия баррасӣ гардид.
Бояд гуфт, ин мулоқот дар доираи форуми соҳибкорони Русияву Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд доир гардида буд, баргузор шуд. Дар заминаи баргузории ин ҳамоиш қарордоҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои зерин амалӣ хоҳад шуд:
Сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд
Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобидаи ҳудуди вилоят
Бунёди корхонаҳои коркарди маъдан
Ба роҳ мондани корхонаҳои коркарди пахта
Инчунин, бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолии муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳру навоҳии Суғд роҳандозӣ хоҳад шуд.
Форуми 9-уми байналмилалии Суғд Экспо -2023 бо иштироки 500 соҳибкор ва корпусҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷи дуру наздик дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0