Раисҷумҳури Тоҷикистон: Қурбонӣ кардан ба дӯши ҳама ҳатмӣ нест

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкМусульмане во время праздника Курбан-байрам ловят барана у Соборной мечети Новосибирска
Мусульмане во время праздника Курбан-байрам ловят барана у Соборной мечети Новосибирска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Обуна шудан
Роҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ҳар масъулияте, ки болотар аз қудрату тавоноии моддиву ҷисмонии инсон аст, аз ҷониби Худованд бар муъмин воҷиб намегардад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Қурбонӣ кардан ба дӯши ҳама ҳатмӣ нест ва ин амалро танҳо онҳое метавонанд анҷом диҳанд, ки аҳли оила ва фарзандони онҳо аз ҳар лиҳоз таъминанд ва танқисиву мушкилие надоранд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати иди Қурбон ба мардум баён дошт.
Ӯ зикр намуд, ки анъанаи қурбонӣ кардани чорво аз ҷониби онҳое, ки имконияти мусоиди иқтисодӣ дошта, дар таъмини аҳли оилаашон мушкилие вуҷуд надорад ва он ҳам ба хотири дастгирии эҳтиёҷмандон дар байни мардуми мо роиҷ аст.
Вале бояд гуфт, ки анҷом додани қурбонӣ аз қудрату тавони ҳар як шахс вобаста мебошад, афзуд президент.
Намози иди Қурбон бо иштироки ҳазорҳо мусалмон дар масҷиди Маскав ва наздикиҳои он - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Намози иди Қурбон дар Маскав - аксҳо
"Ба ибораи дигар, зарур аст, ки корҳои хайр ва амалҳои эътиқодӣ дуруст ва танҳо дар доираи имкон иҷро карда шаванд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай аз қавли Худованди мутаол овард, ки дар сураи 2-юми ояти 286-уми каломи осмонии худ фармудааст, ки "Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад".
Яъне ҳар масъулияте, ки болотар аз қудрату тавоноии моддиву ҷисмонии инсон аст, аз ҷониби Худованд бар муъмин воҷиб намегардад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Маврид ба зикр аст, ки тоҷикистониён баробари мусалмонҳои дигар 28 июн иди Қурбонро таҷлил мекунанд. Одатан дар ин рӯз мардум ба шодбошии ҳам мераванду чорво қурбонӣ мекунанду ба кумаки ниёзмандон мешитобанд.
Лентаи хабарҳо
0