Ҷудкорони тоҷик дар Hungary Masters - 2023 иштирок мекунанд

© Федерация дзюдо ТаджикистанаТаджикский дзюдоист Темур Рахимов
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Обуна шудан
Мусобиқаи байналмилалӣ беҳтаринҳои варзиши ҷудоро гирди ҳам оварда, онҳое ҳаққи зӯрозмоӣ доранд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ то зинаи 36 ҷой гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҷудокорони тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар дар мусобиқаи Hungary Masters - 2023 иштирок мекунанд, иттилоъ дод Федератсияи ҷудои кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон ки дар радабандии созмони байналмилалии ҷудо - IJF то зинаи 36 ҷой гирифтаанд, метавонанд иштирок намоянд.
Мусобиқа рӯзҳои 6-8 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки Тоҷикистонро дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов намояндагӣ кунад, ки дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор дорад.
Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило аз зинаи 12-уми радабандии ҷаҳонӣ вориди ин сабқат хоҳад шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар вазни то 81 кило дар зинаи 13-уми радабандии ҷаҳонӣ қарор дорад.
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Варзишгоҳи марказии Хоруғ навсозӣ мешавад
Дар вазни то 66 кило Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов, дар вазни то 73 кило Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи Hungary Masters - 2023 зӯр меозмоянд.
Маблағи ҷоизавии ин мусобиқаи байналмилалӣ наздики 200 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ҷоизадорони зинаҳои аввал дар ин мусобиқа 1800 имтиёзи радабандӣ ба зинаи 2-юм 1260 имтиёз ва ба мақоми 3-юм 900 имтиёз дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки тими ҷудокорони Тоҷикистон дар Муғулистон ба машқҳои дастаҷамъона машғул буда, интизор меравад, аз санаи 5-ум то 18-уми июл дар шаҳри Иркутск ба машқҳо фаро гирифта шаванд.
Лентаи хабарҳо
0