Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро хатарзо хонд

Наркотики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Маҷрои маводи мухаддир дар “масири шимолӣ” дар ҳоли афзоиш аст ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки зидди ин тамоюл муборизаи ҷиддӣ шавад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Миқёси қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон мизони таҳдидкунанда касб кардааст.
Ин андешаро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои ин созмон, ки ба таври онлайнӣ ҷараён дорад, баён дошт.
"Муқовимат ба ин тамоюл бояд аз вазифаҳои асосии созмон боқӣ монад", - гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, бояд кори ҳамаҷониба оид ба такмили заминаи ҳуқуқӣ бо дарназардошти таъсиси сохтори нави дахлдори Созмони ҳамкории Шанхай идома ёбад.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 4,1 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.
Роҳи асосии таъминот Афғонистон аст.
Амалиёти Кукнор-2019 дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2019
Амалиёти "Кукнор-2019": дар Бадахшон 256 ҳазор бех ниҳолҳои бангдона решакан карда шуд
Қобили зикр аст, ки солҳои ахир қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон тақрибан се баробар афзоиш ёфтааст.
Қаблан дар ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ шарикони қочоқбарони маводи мухаддири афғониро, ки сокинони шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанди вилояти Суғд буданд, боздошт карданд.
Лентаи хабарҳо
0