Рафъи беобӣ: оё гардондани маҷрои дарёҳои сибирӣ ба Осиёи Миёна ҳанӯз ҳам мубрам аст?

© Sputnik / Мариус Баранаускас / Гузариш ба медиабонкРека. Архивное фото
Река. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Обуна шудан
Коршиносони Русия ба таклифи вакили қазоқистонӣ, ки лоиҳаҳои азими гидрологии замони Иттиҳоди Шӯравиро ёдрас кард, вокуниш нишон доданд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik, Михаил Воробёв. Вакили парлумони Қазоқистон Серик Егизбаев ахиран таклиф намуд, то қисми шохаҳои дарёҳои Сибир ба Осиёи марказӣ (ОМ) гардонида шаванд.
Оё метавонад ин ғояи дар замони шӯравӣ амалӣ нагардида, муаммои обро дар минтақа ҳал кунад ва ё роҳи ҳалли аз ин ҳам ҷолибтаре дар ин маврид ҳаст – Sputnik аз коршиносон пурсон шуд.

Масъала омӯзиши чуқур мехоҳад

Баргардонидани дарёҳои сибирӣ – яке лоиҳаҳои аз ҳама азими татбиқнашудаи асри XX аст. Мақсад аз он – гардонидани қисми шохаҳои дарёҳо ба самти ОМ мебошад, ки ба оби тоза сахт ниёз доранд.
Олимон ин масъаларо солҳои 2021 – 2022 дар ҷараёни омодагиҳо ба яке аз мулоқотҳои сарвазирони Русия ва Қазоқистон дида баромаданд, гуфт дар сӯҳбат бо мухбири Sputnik ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Бахши Сибирии Институт оид ба муаммоҳои об ва муаммоҳои экологии Академияи улуми Русия Александр Пузанов.
Он замон, ба гуфти ӯ, Академияи улум ин мавзӯъро ноомӯхта ҳисобид ва пешниҳод намуд, ки он аз рӯзнома бардошта шавад.
“Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ вазъияти энегетикӣ, иқтисодӣ ва иқлимӣ ягона буд. Ҳоло бошад - дигар. Ҷараёнҳо тағйир ёфтанд, геополитика ҳам. Муаммоҳои наздисарҳадӣ. Бинобар ин (дар ҳолати имрӯза) ҳеҷ чиз омӯхта нашудааст, ” - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфти коршинос, дар ҳолати амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур пеш аз ҳама бояд тадқиқотҳои нав гузаронидан лозим ва хулоса баровардан зарур, ки оё барои пиёда сохтани ин тарҳ захираҳо кифоягӣ мекунанд ё на.

“Ба омӯзиши ҳамаи ин қудрати кормандони бахши сибирии Академияи улуми Русия мерасад,”- гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, олим ба будани 25 кубокилометри холӣ дар дарёи Об шубҳа дошт – он ҳаҷме, ки дар борааш шарикони қазоқӣ мегӯянд ва онро гӯё бе зарар ба муҳити зист баргардонида мешуда бошад.
“Ягон баргардонӣ ба нафъи муҳити зист нест, ин амал ҳамеша паёмади манфӣ дорад”,- қайд намуд ӯ.
Он чӣ, ки дарёи Об маҷрои калон дорад, маънои онро надорад, ки ин дарёро пас гардонидан мумкин бошад, мегӯяд Александр Пузанов. “Аввал бояд обро ғун кунем, ана баъд бо роҳи аз ҷиҳати экологӣ қобили қабул, бе талафдиҳӣ, онро гардон кунем”, - шарҳ медиҳад олим.
Лес - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Афзоиши нақши Сибир: Ниёзи Тоҷикистон ба чӯбу метал аз Русия бештар мешавад
Баргардонидани дарёҳо аз дигар лоиҳаҳо тавофуте надоранд, масалан, аз сохтмони лӯлаҳои газ, хатҳои интиқоли нафт ё роҳи оҳан, шарҳ дод ба мухбири Sputnik мудири ташхисгоҳи тарҳдиҳии обҳои рӯизаминии Академияи улуми Русия Михаил Болгов.
”Аз ҷиҳати техникӣ мо метавонем ҳам чиро созем. Агар мо ба ин масъала баргардем, мо бояд аввал аниқ кунем, ки маблағи ҳамаи инро кӣ мепардозад. Дуюмаш ин ки, албатта, бояд ҳама хулосаҳои техникии (замони шӯравиро) аз нав дида бароем”,- қайд менамояд олим.
“Барои Русия баргардонидани дарёҳои сибирӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷаззоб нест, лекин, дар баробари ин метавонад ҳавасмандӣ аз нуқтаи назари геополитикӣ ва башардӯстӣ дошта дошта бошад,”- мегӯяд Александр Пузанов.
“Ба хотири кӯмак ба ҳамсояҳо. Кӣ медонад, он ҷо вобаста ба биёбоншавӣ, дигаршавии иқлим чӣ ҳолат рух медиҳад,”- илова намуд ӯ.

Далели кишоварзӣ дар ҳамсоягон

Баргардонидани дарёҳо – кори нав нест. Андешаи гардонидани дарёҳо дар Чин ба асосгузори ин ҷумҳурӣ Мао Тсзэдун тааллуқ дорад, ки онро ҳанӯз соли 1952 расонаӣ намуда буд. Он ҷо ин лоиҳа ҳоло бомуваффақият амалӣ гардида истодааст.
Ҷумҳурии мардумии Чин дар қаламрави худ барои обёрии заминҳои кишоварзӣ машғул аст, зеро қаламраваш калон ва ҳам теъдоди аҳолиаш низ зиёд аст ва онҳоро бо маводи озуқа таъмин намудан лозим, нақл менамояд Михаил Болгов.
Зардолуҳои ноҳияи Ашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Зардолу напухта хушк шуд: Таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзии Осиёи Миёна
Ғайр аз ин, чиниҳо қисми зиёди шохоби Чёрний Иртиш – қисми дарёи Иртишро, ки аз қаламрави Чин ҷорист, мегиранд, ҳамзамон қисми оби дарёи Илиро мегиранд, ки ба кӯли қазоқии Балхаш мерезад, - зирк намуд ӯ.
Дар қаламрави бо Қазоқистон ҳамсарҳади Чин, дар ноҳияи худмухтори Синтсзян - Уйғур, кишоварзӣ бо суръати кайҳонӣ ва басо самаранок рушд меёбад. Худ аз худ маълум аст, ки барои ин ҳама гирифтани об талаб карда мешавад,” - шарҳ медиҳад Александр Пузанов.

Роҳи ҳалли муаммо кадом аст?

Об – ин захираи бебаҳотарин аст – захирае, ки дар даҳсолаҳои наздик бо сабаби таъғирёбии иқлим, бо сабаби биёбоншавии сартосарӣ норасоияш ба миён меояд, изҳор дошт Александр Пузанов.
Барои ҳалли муаммои камчинии об, ба андешаи олим, ба кишварҳои Осиёи марказӣ зарур аст, ки бо сарфаи об машғул шаванд.
“Масалан, ин метавонанд аз партофтани об ба каналҳои исрофи зиёди об бо бухоршавиву тозакуниашон дошта неву аз хатҳои интиқоли оби сарбаста истифода баранд. Бо истифода аз қубурҳои обрасон, масалан, чун дар Чин”, - маслиҳат медиҳад мутахассис.
Ба андешаи ӯ, ба Чин рафта, таҷрибаи онҳоро дар мавриди истифодаи системаи обрасонӣ омӯхтан мумкин.
“Дар Чин аллакай ҳамаашро фикр карда баромадаанд, зеро қисми зиёди заминҳои онҳо хушку лабташна аст. Бинобар ин, ин ҷо дучархаро ихтироъ кардан лозим нест, балки таҷрибаи дигаронро омӯхта, онро оқилона истифода бурдан лозим аст”, - тавсия медиҳад коршинос.
В зеленую экономику Таджикистана готовы инвестировать - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Президенти Тоҷикистон ба аъзои раёсати Фонди наҷоти Арал чӣ гуфт?
Вай илова менамояд, ки барои ин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ лозим меояд, ки ҳамаи инфрасохтори мавҷудаи обрасониро азнавсозӣ намоянд.
Хоҷагии қишлоқ ва кишоварзӣ бо обёрии сунъӣ дар минтақа бояд ба сатҳи аз ҷиҳати технологӣ нав бароварда шавад, илова намуд Михаил Болгов.
Зарур аст, ки технологияи обёрӣ куллан дигар карда шавад, зеро муаммои асосӣ – ин истифода аз технологияи қадимаи бидуни сарфакорӣ мебошад, ки ба истифодаи камсамару талафоти аз ҳад зиёди об ва шӯршавии заминҳо оварда мерасонад, - хулоса намуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0