Садҳо базаи нав сифати интернет дар Тоҷикистонро беҳтар карданд?

© Sputnik / Яков Андреев / Гузариш ба медиабонкТаъмири антенаи мобилӣ. Акс аз бойгонӣ
Таъмири антенаи мобилӣ. Акс аз бойгонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар пайи танқиди раисҷумҳур аз сифати интернет дар кишвар дар шаҳру навоҳӣ садҳо таҷҳизоти навро расб кардааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар саросари кишвар ҳудуди 340 истгоҳи базавӣ насб кардаанд, иттилоъ дод муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар, Илҳомҷон Атоев.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои мобилӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар насби истгоҳҳои базавӣ, аз он ҷумла модернизатсия, кӯчонидани базаҳо ба ҷойи нав, низ пеш рафта, даҳҳо истгоҳи базавии иловагиро дар саросари кишвар насб кардаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи ним соли гузашта ширкатҳои “Вавилон-Мобайл”-95, “Таком”- 39 адад, “ТТ мобайл” - 190 ва “Индиго Тоҷикистон” 15 истгоҳи базавии нав насб карда, инчунин 57 истгоҳи базавӣ аз модернизатсия гузаронида шуданд.
Девушка с телефоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Коҳиши арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон
Фақат дар 5 моҳи соли равон дар Душанбе - 152, Навоҳии обеъи марказ - 65, вилоятҳои Хатлон - 47, Суғд – 32 ва Кӯҳистони Бадахшон – 10, ҷамъ 306 истгоҳи базавӣ ба кор даромадааст.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, раванди насбу роҳандозии истгоҳҳои базавии алоқаи мобилии ширкатҳои мобилӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дастгирии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
“Дар минтақаҳое, ки аз тарафи шаҳрвандон монеаҳо эҷод шуда буданд, ҳамаи он бартараф гардида, базаҳои иловагии ширкатҳои мобилии фавқуззикр насб карда шуданд”, - Атоев.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ироаи паёми солонаи худ ба парлумон дар моҳи декабри соли гузашта аз сифати паст ва арзиши баланди хизматрасониҳои мобилӣ ва интернет дар кишвар интиқод карда, ба Хадамоти алоқа супориш дода буд, ки тадбирҳои зарурӣ ва мушаххасро рӯи даст гирад.
Лентаи хабарҳо
0