Аз Бӯстон ба Хуҷанд: Идомаи сафари Раҳмон ба вилояти Суғд

© пресс-служба президента ТаджикистанаРаҳмон дар Хуҷанд
Раҳмон дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Обуна шудан
Сафари кории чаҳоррӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд идома дорад. Имрӯз кишвардор дар шари Бӯстону Хуҷанд як чанд иншоотро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении ширкати “Мироб”-ро ифтитоҳ кард.
Дар корхона истеҳсоли 16 намуд қубури полиэтилении қутрашон аз 15 то 315 миллиметра ба роҳ монда шудааст. Дарозии қубурҳо вобаста ба қутрашон аз 6 то 100 метр истеҳсол мегардад.
Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардидааст
Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 400 то 500 метр ва дар як сол аз 50 то 60 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении босифат мебошад.
Таъкид шудааст, ки ашёи хом асосан аз Русия, Эрон ва Ӯзбекистон ворид мегардад.
Вольерный комплекс Дом лани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Ифтитоҳи парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодир дар ноҳияи Шаҳристон
Айни замон дар шаҳри Бӯстон 51 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, дар онҳо 20 намуд маҳсулот, аз ҷумла молҳои ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешаванд.
Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстон ба маблағи 255 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 миллион сомонӣ зиёд буда, ба 105 дар сад баробар аст.
Сипас кишвардори Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд равона шуд ва дар онҷо Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода дод.
Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ бо тарҳи муосир ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар ҳамин рӯз Президенти Тоҷикистон ба 100 нафар ятим туҳфаҳо тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ орост.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дастгирии ятимону бепарасторон зери ғамхории доимии Ҳукумати кишвар аст ва давлат намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ кунанд.
Ифтитоҳи Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Ифтитоҳи корхонаи металлургии мисгудозӣ дар шаҳри Панҷакент
Баъди ин чорабинӣ раҳбари кишвар дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии ширкати “Папирус”-ро ба истифода дода.
Корхонаи истеҳсолӣ асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.
Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба ҳисоб меравад. Тақрибан 98 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудааст.
Корхонаи нави истеҳсолии аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтаааст.
Лентаи хабарҳо
0