Имтиҳонсупории довталабони тоҷик чӣ гуна мегузарад - видео

Обуна шудан
дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан беш аз 1,1 ҳазор синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст
Дар Тоҷикистон дар заминаи беш аз 40 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаааст ва ҳоло маъракаи супоридани имтиҳонҳо ҷараён дорад.
Расман довталабони имсола аз 1 июл ба супоридани имтиҳонҳо оғоз карданд ва он то 7 июл идома мекунад.
Шонси дуюм: ММТ барои довталабони дермонда имтиҳонҳои иловагӣ мегузаронад
Зимнан, ММТ хабар дод, ки довталабоне, ки имкони иштирок дар даври аввали супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ натавонистанд иштирок кунанд, метавонанд то 9 июл бо пардохти маблағи иловагӣ ҳуҷҷат пур кунанд.
Эълони натиҷаи имтиҳонот то 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0