Маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Арабистони Саудӣ роҳ меёбад?

© Агентии содироти ТоҷикистонМулоқоти раиси Агентии содирот бо сафири Арабистони Саудӣ
Мулоқоти раиси Агентии содирот бо сафири Арабистони Саудӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Обуна шудан
Арабистони Сауди омодааст ба бозорҳои худ ба маҳсулоти Тоҷикистон аз ҷумла асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ роҳ диҳад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар мулоқоти директори Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон масъалаи содирот намудани асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии содироти Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки дар мулоқот директори Агентии содирот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ маълумот дода, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои дунё ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Баҳриддин Сироҷиддинзода афзуд, ки Арабистони Саудӣ дорои захираҳои ғании табиӣ ва таҷрибаи бой дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ мебошад.
Густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Ифтитоҳи Академияи забономузӣ дар Тоҷикистон аз тарафи Арабистони Саудӣ
Изҳори итминон гардид, ки аз таҷриба, технология ва инноватсияи ин мамлакат мубодила намуда, ба инкишофи соҳа тақвият бахшем.
Дар мулоқот қайд карда шудааст, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, бофандагӣ, электроэнергетика ва ғайра иқтидори бузург дошта, метавонад ширкатҳои Саудиро барои ҳамкорӣ ба ин соҳа ҷалб намояд.
Сафир Валид ибни Абдураҳмонар-Решайдон доир ба вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, барои мусоидат дар рушди фаъолияти доираи соҳибкорон байни давлатҳо, афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тавассути ҳамкорӣ бо Агентии содироти Арабистони Саудӣ ва дар ба роҳ мондани содироти асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ ба Арабистони Саудӣ омодагиро иброз намуд.
Лентаи хабарҳо
0