Толибҳо: нигаронии амниятӣ дар бораи Афғонистон бе асос аст

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПредставитель движения "Талибан"
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Муовини сухангӯи толибҳо изҳороти ахири вазири дифои Покистонро рад ва таъкид кард, ки нигарониҳои амниятии Исломобод дар хусуси Афғонистон бе асос аст
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Муовини сухангӯи толибҳо Билол Каримӣ ба расонаҳо гуфт, ки ба ҷои ин ки нигарониҳои беҷо ва бидуни аснод матраҳ шавад, рӯй густариши равобити дипломотик, тиҷорат ва иқтисод кор шавад то дар минтақаи истеҳком ба миён ояду нигарониҳо ҳал шавад.
“Иморати Исломӣ борҳо гуфта, ки Афғонистон масун аст ва аз хоки ин кишвар таҳдиде ба кишварҳои дигар нест”, -афзуд вай.
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон рӯзи гузашта дар дидор бо Шералӣ Мирзои вазири дифои Тоҷикистон гуфт, ки Покистону Тоҷикистон ба далели ҳамсоягӣ бо Афғонистон бо таҳдидҳои амниятии яксон рӯ ба рӯ ҳастанд.
Сафари ҳайати низомии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мавзуъи интиқоли ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон ба марзҳои Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле доғ шудааст.
Британские военнослужащие, садящиеся на самолет A400M Королевских ВВС (RAF) перед вылетом из аэропорта Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Украинаро тақдири Афғонистон интизор аст
Хоҷа Муҳаммад Осиф гуфтааст, ки Покистон ба ҳалли мусоламатомези буҳрони Афғонистон эътиқод дорад ва аз талошҳои Тоҷикистон дар ҷиҳати барқарории сулҳу сабот дар минтақа қадрдонӣ мекунад.
Бар хилофи иддаои толибҳо, ки гурӯҳҳои террористӣ аз хоки ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя таҳдиде нахоҳанд кард, Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) аз қаламрави Афғонистон ба Покистон нуфуз кард ва кишварҳои дигари атроф борҳо нигаронии худро аз ҳамчунин хатарот баён кардаанд.
Аз сӯи дигар, сафари ҳайати вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Исломобод дар ҳоле сурат мегирад, ки ахбори мутааддиде аз ҷобаҷойии ҷангиёни Таҳрики толибони Покистон дар вилоятҳои бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳаммарзи Афғонистон ба нашр мерасад.
Лентаи хабарҳо
0