Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков дар бораи ҳадафҳои муҳими амалиёти вижа гуфт

© POOL / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Обуна шудан
Сухангӯи Кохи Кремлин ахиран гуфт, ки мақомоти Русия ҳеч заминаеро барои музокироти сулҳ ва хотима додани низоъ дар Украина намебинанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Барои Русия ноил шудан ба ҳадафҳои амалиёти вижа муҳим аст, гуфт дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Барои мо расидан ба ҳадафҳои худ муҳим аст", - гуфт сухангӯи Кохи Кремлин.
Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки Русия матвонад ба ҳадафҳои худ бо роҳҳои гуногун бирасад.
Аммо ба гуфтаи вай дар ҳоли озир мақомоти Русия ҳич заминаеро барои музокироти сулҳ бораи хотима додани низоъ дар Украина намебинанд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҷониби Русия ҳеҷ гоҳ дари музокиротро баста накардааст.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков 3 сабаби созишнопазирии Киевро эълон кард
"Дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, мо гуфта будем, ки Русия ҳеҷ гоҳ дари музокиротро набастааст", - гуфт Песков.
Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко қаблан гуфта буд, ки то тирамоҳ вазъ дар Украина бояд тағйир ёбад ва шояд музокирот барои ҳалли низоъ дар дар ин кишвар оғоз шавад.
Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки Аврупо аллакай ба музокироти сулҳ омода аст ва Иёлоти Муттаҳида пас аз ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина мавқеъи худро тағйир хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0