Ҳушдори толибҳо ба фармондеҳонаш: ДИИШ* дар ҳоли тадорукоти юриш бар бузургони мост

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARТалибы стоят на улице
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Обуна шудан
Вазорати дохилаи толибҳо ба фармондеҳонаш дар 34 вилоят ҳушдор додааст, ки ДИИШ* дар ҳоли тадоруки юриш ба толибоне аст, ки аз ҳаҷ боз мегарданд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Номае бо имзои Абдулборӣ Сафиаллоҳ, раиси идораи план ва амалиёти вазорати дохилаи толибон* ки чунин иттилоотиро ироа мекунад, барои фармондиҳони пулис дар 34 вилояти кишвар ирсол шуд, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Дар ин нома омадааст, ки ҷангҷуёни гурӯҳи террористии ДИИШ* ният доранд бомбгузорон интиҳорӣ ва бомбҳои дасти созро дар маконҳои серодам қарор диҳанд.
“Ҳадафи аслии ДИИШ* куштани фармондорон, афроди бо нуфӯз, кормандони мулкӣ ва низомӣ ҳастанд ки акнун ба таври дастаҷамъӣ аз Арабистони саъудӣ бозгаштаанд", - омадааст дар номаи ин идора.
Дар ҳоле ки беш аз 90 дарсади мардуми Афғонистон бо гуруснагии дасту панҷа нарм мекунанд, имсол як қисми зиёде аз ҷангҷуёни гурӯҳи толибҳо барои маросими ҳаҷ ба Арабистони саъудӣ рафтаанд.
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи авҷгирии бемориҳои фаслӣ дар Афғонистон
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибҳо дар ҳоле ба фармондиҳонаш дар 34 вилояти Афғонистон аз юриши интиҳории гурӯҳи ДИИШ* хабар медиҳад ، ки худ ин гурӯҳ дар ҷараён беш аз 20 сол садҳо юриши интиҳорӣ анҷом дода ва ҳазорон танро ба коми марг равон кардаанд.
Ҳамакнун ҳам чандин кандак интиҳорӣ доранд ва пас аз чирагиашан бар Афғонистон бо ифтихор аз интиҳорёни худ ёд мекунанд ва хониводаҳояшанро ҳамеша кумак мекунанд.
* - ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористии таҳти таҳримҳои созмон милал аст
Лентаи хабарҳо
0