Тими миллии Тоҷикистон бо Сингапур сабқат мекунад

© Дафтари матбуоти ФФТТими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сингапур дар бораи баргузории як бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расидаанд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бозии дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол бо тими миллии Сингапур 8 сентябр баргузор мешавад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, барои анҷоми бозии дӯстона Федератсияи футболи кишвар бо Ассотсиатсияи футболи Сингапур мувофиқа кардааст.
Аз ҷумла созиш шудааст, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи сентябр баргузор шавад.
"Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон 8 сентябр соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ ва соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
ФФТ барои қатъи ҳамкорӣ бо Петр Сегрт чӣ қадар ҷубронпулӣ медиҳад?
Ворид шудани тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Сингапур дар ҳолест, ки қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳ се бор бо ҳам вохӯрдаанд. Дар се сабқат як бор тими миллии Тоҷикистон пирӯз гардид, як бор тими Сингапур ва як бор сабқат мусовӣ анҷом ёфт.
Аз ҷумла ахиран мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Сингапур ғолиб омад.
Мунтахаби Сингапур дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо ҳисоби 2:0 тими мунтахаби Тоҷикистонро шикаст дода буд.
Ҳамчунин рақобати дастаҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон - 2010 мусовӣ бо ҳисоби 1:1 поён ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0