Эҳтитёт бошед: дар Тоҷикистон нурҳои ултрабунафш баланд мешавад

© Foto / Aleksandr Asedach / Moya planetaСнимок "Лучи в утреннем парке" Александра Аседача, ставший одним из победителей фотоконкурса «Моя Планета. Россия в деталях»
Снимок Лучи в утреннем парке Александра Аседача, ставший одним из победителей фотоконкурса «Моя Планета. Россия в деталях» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Бино ба гуфтаи мутахассисон нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон, аз ҷумла пуст ва чашм зарар дошта, аз он бояд муҳофизакорӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) пешгӯӣ мешавад.
Бино аз гузориши Агентии ҳавосанҷии кишвар, сар аз имрӯз, 14 июлдар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шимолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар зада, то 16 июл идома меёбад.
"Аз соати 12-00 то 15-00 нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баланд хоҳанд расид, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад", - афзудааст манбаъ.
Ба гузориши ин ниҳод дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 3+8 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, гармо дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа мерасад.
Пчёлы на сотах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Гулу гиёҳҳои ширин дуруст насабзида хушк шуданд: Нигаронии асалпарварони тоҷик
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳам бидуени бориш хоҳад буд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 35+40 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии 12-17 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0