Аз интернети босуръат то гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ: Раҳмон машварат баргузор кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон машварат баргузор кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон машварат баргузор кард. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории як машаварат бо ҳузури мақомдорони баландпояи ҳукумату парлумони кишвар масоили мубрамро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Аз интернет то буҷа ва гузаштан ба ҳисоббаробаркунии нақдӣ аз мавзуъҳои меҳварии машварат буданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар машварат раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, сарвазир, Қоҳир Расулзода ва мақомдорони дигари баландпоя иштирок доштанд.
Дар кори машварат аз ҷумла рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишвар, зиёд кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Тоҷикистон дар радабандии созмонҳои байналмилалӣ аз мавзӯҳои дигари машаварат буд.
Сим-карта в пункте продажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Чаро симкортҳо дар Тоҷикистон ба таври густурда масдуд шудаанд? - тафсилот
Дафтари матбуот афзуд, ки президент таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи онро барои рушди иқтисоди рақамӣ муҳим хонд.
Ҳамчунин барои иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим супориш дод.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки фармон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ саривақт иҷро гардад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи ин фармон аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатию пардохтҳои дигари ҳатмии буҷавӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои тиббиву коммуналӣ ва ғайра бояд тариқи ғақринақдӣ амалӣ карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0