Нони дуюм арзон мешавад?: Мақомот аз афзоиши ҳосили картоша гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаМешки с картошкой
Мешки с картошкой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки то 1 июл дар ҳудуди ҷумҳурӣ 261 хазору 510 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кардааст, ки тибқи нақшаи дарозмуддат дар соли 2023 дар ҳудуди ҷумурӣ наздик ба 1 миллиону 100 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда мешавад.
“Картошка дар кишвари мо тақрибан дар ҳама шаҳру ноҳияҳо парвариш карда мешавад. Имсол нисбат ба соли гузашта дар майдони васеъ — 2474,5 гектар картошка кошта шуд. Мувофики маълумотхои оморӣ заминҳое, ки дар он картошка корида шудааст 58566,3 гектарро ташкил медиҳад. То 1 июл дар ҷумҳурӣ 261 хазору 510 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. То охири мавсим ҳосили дигари низ картошка ҷамъоварӣ карда мешавад", - гуфтааст вазорат.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар истеҳсоли картошка Панҷакент, Рашт, Мастчоҳ, Истаравшан, Дарвоз, Восеъ, Кӯлоб, Лахш, Деваштич пешсафанд.
Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Дар Хатлон нархи картошка гарон шуд: сабаб
“То имрӯз дар вилояти Хатлон 165 ҳазору 762 тонна, дар вилояти Суғд 43 ҳазору 342 тонна, дар Ваҳдат 20 ҳазору 840 тонна ва дар ноҳияи Рӯдакӣ 11 ҳазору 527 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Барои ба даст овардани ҳосили хуби картошка аз кишварҳои хориҷӣ тухмии хушсифат оварда мешавад. Дар соли 2023 тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон 1677 тонна тухмии картошкаи хушсифат ворид карда шудааст”, - иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар саросари ҷумҳурӣ 394 анбор барои нигоҳ доштани картошка мавҷуд аст.
Бояд гуфт, ки дар саросари кишвар бо мақсади танзими нархҳо дар қаламрави кишвар ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд, ки аз онҳо метавон бо нархи дастрас маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла картошка харидорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0