Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: ИМА Украинаро ба ҷанг тела медиҳад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2023
Обуна шудан
Кремл иддаои сарвазири Маҷористонро, ки даргирӣ дар Украина замоне анҷом меёбад, ки инро Иёлоти Муттаҳиди Амрико бихоҳад, то ҷое дуруст хонд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кремл бо ин фикр розист, ки ИМА метавонанд ба низоъ дар Украина хотима бахшад, чун маҳз онҳо таъмингари силоҳ ҳастанд, изҳор дошт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Маҳз ИМА Украинаро бо силоҳ таъмин мекунаду водор месозад, ки то охирин украинӣ биҷангад", - гуфт Песков.
Ахиран сарвазири Маҷористон Виктор Орбан зимни суҳбат дар радиои "Kossuth" изҳор дошт, ки муноқиша дар Украина ҳамин ки Иёлоти Муттаҳида бихоҳад, хотима меёбаду худи фардо сулҳ барқарор мешавад.
Ӯ гуфт, чаро ИМА сулҳ намехоҳад, тамоми ҷаҳон сари ин масъала фикр дорад, чун Украина аллакай соҳибихтиёрии худро аз даст дода ва вазъ дар кишварро Ғарб, пеш аз ҳама ИМА муайян мекунанд.
Международный форум Примаковские чтения. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Киссинҷер: ИМА бовар надоранд, ки артиши Украина зимни ҳамлааш Қримро бармегардонад
"Агар ИМА мегуфт, ки онҳо сулҳ мехоҳанд, биёед оташбас кунем ва гуфтушунидро оғоз кунем, ин субҳи дигар ба вуқӯъ меомад. Чаро амрикоиҳо инро намехоҳанд, мо дар нишасти НАТО посух нагирифтем”, - гуфт сиёсатмадор.
Ба андешаи ӯ, қабул накардани Украина ба паймон қадами дуруст буд, зеро он ба ҷанги нав оварда мерасонид. Таъкид гардид, ки феълан Украина ҳам маблағ ва ҳам силоҳро аз ИМА ва Ғарб мегираду худаш на пул дорад, на саноати ҳарбӣ ва на иқтидори истеҳсолӣ.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомӣ барои ҳимояи сокинони Донбассро эълон кард, ки ҳадафи онро ҳамчунин нозизудоӣ ва бартараф кардани таҳдидҳои амниятӣ арзёбӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0