Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина

© AFP / WIN MCNAMEEИлон Маск
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Обуна шудан
Cоҳибкор ва миллиардери амрикоӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ночорӣ ба Украина бомбаҳои кассетӣ мефиристад, аммо ин натиҷаи муноқишаро тағйир намедиҳад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Интиқоли бомбҳои хӯшагӣ, ки истифодаашон қаблан аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳкум мешуд, дурӯягӣ ва паст задани худ аст.
Ин нуктаро соҳибкори амрикоӣ, Илон Маск дар саҳифааш дар Twitter дар вокуниш ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина баён доштааст.
Ба гуфтаи соҳибкор, Иёлоти Муттаҳида ба ҳамин восита, ки аз ночорӣ амалӣ мешавад, талош дорад, натиҷаи муноқиша дар Украинаро тағйир диҳад.
"Лавозимоти ҷангии муқаррарӣ барои фиристодан ба Украина тамом шуданд, аз ин рӯ ҳоло аз ночорӣ ба онҳо бомбаҳои хӯшаӣ мефиристему бидуни тағйир додани натиҷаи муноқиша худро таҳқир мекунем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки Русия аз Украина дастикам чаҳор маротиба бештар артиллерия ва 10 маротиба бештар лавозимоти ҷангӣ дорад.
Маск ҳамчунин аз оқибатҳои манфии интиқоли бомбаҳои хӯшаӣ аз ҷониби ИМА ба Украина ҳушдор дода, ба риёкории ин гуна таъминот кардааст.
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Дар Қрим гуфтанд, ки Украина ба сӯи нестшавӣ меравад
ИМА онҳоеро, ки бомбаҳои кассетиро истифода мебаранд, ҳамеша ҳамчун бад маҳкум кардааст, аммо ҳоло худаш онҳоро барои истифода дар ҷанг мефиристад, таъкид намуд миллиардер.
Вай изҳор дошт, ки сарнавишт кинояро дӯст медорад, аммо аз риёкорӣ нафрат дорад
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Вашингтон аз тасмимаш барои интиқоли бомбаҳои хӯшаӣ ба Украина хабар дода, мақомдорони амрикоӣ изҳор доштанд, ки ҳамчунин бархе кишварҳои ғарбӣ низ чунин аслиҳаро ба Киев интиқол медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0