Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия 28 бесарнишини украиниро зимни ҳамла ба Қрим нобуд кард

© Sputnik / Макс Ветров / Гузариш ба медиабонкСеверо-Крымский канал
Северо-Крымский канал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Обуна шудан
Вазорати дифоъ пешгирии ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Қримро эълон кард, ки 17-тои онҳо тавассути падофанди ҳавоӣ нобуд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Артиши Русия аз кӯшиши ҳамлаи Киев ба объектҳо дар Қрим бо кӯмаки 28 ҳавопаймои бесарнишин ҷилавгирӣ кард.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар додааст.
"17 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ тавассути системаҳои дифоъи ҳавоӣ нобуд карда шуданд. 11 ҳавопаймои дигар бо дастгоҳҳои электронӣ пахш карда шуданд, ки ба ҳадаф нарасида, суқут карданд", - афзуд вазорат.
Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Қаблан раҳбари Қрим Сергей Аксенов низ дар бораи ҳамлаи нокоми нерӯҳои мусаллаҳи Украина хабар дода буд.
Посол РФ в США Анатолий Антонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Сафири Русия гуф, Амрико дар ҳамлаи террористии Киев ба пули Қрим даст дошт
Украина пайваста кӯшиш мекунад, ки ба қаламрави нимҷазира, аз ҷумла Севастопол бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кунад.
Дар авоили моҳи июл Николай Патрушев, дабири Шӯрои Амният гуфт, ки дар соли ҷорӣ Киев беш аз 70 кӯшиши ҳамла ба Қримро бо ёрии ҳавопаймоҳои бесарнишин кардааст.
Лентаи хабарҳо
0