"Истиқлол" аз Эрон футболбоз харид

© КФ "Истиқлол"футболбози Эронӣ Муҷтабо Муқтадоӣ
футболбози Эронӣ  Муҷтабо Муқтадоӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Муҷтабо Муқтадоӣ мудофеъи футболбози тими Нафти Масҷиди Сулаймон, расман ба тими футболи Истиқлоли Душанбе пайваст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дастаи “Истиклол”-и Душанбе дар равзанаи трансферии тобистона боз як созишномаи дигарро бо футболбози эронӣ ба имзо расонд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти тими футболи Истиқлоли Душанбе.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки пас аз бастани созишномаи яксолаи меҳнатӣ, ҳайати тими пойтахт бо футболбози Эронӣ Муҷтабо Муқтадоӣ пурра гардид.
Ба иттилои манбаъ, бозингари 27 сола дар ватани худ дар дастаҳои “Нафт Мис”, “Зуб Оҳон”, “Санат Нафт” ва “Мес Кирмон” фаъолият намудааст.
Қайдӣ карда шудааст, дар ҳайати "Истиқлол" Муҷтабо Муқтадоӣ зери рақами 22 баромад мекунад.
Ахтам Назаров, капитан сборной Таджикистана и клуба Истиклол  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Капитани тими миллии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба "Истиқлол" баргашт
Ёдовар мешавем, ки Дар мавсими гузариши тобистона, собиқ бозигари тими "Истиқлол"-и Душанбе Аҳтам Назаров, ки солиёни зиёд дар он бозӣ мекард, дигарбора ба ин даста баргашт.
Пас аз танаффуси нимсола капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров ба "Истиқлол" -и Душанбе баргашт.
Бошгоҳи "Истиқлол" қайд кард, ки пештар Назаров солҳои зиёд дар ин тим бозӣ мекард.
"Қаҳрамони кишвар бо ҳимоятгар Аҳтам Назаров, ки қаблан солҳои зиёд дар ҳайати "Истиқлол" ҳунарнамоӣ мекард, шартномаи ҳамкорӣ баст", - омадааст дар иттилоия.
Охирин бошгоҳи футболбоз тими "Андиҷон"-и Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, ки дар бораи гузариш ба он аввали соли равон хабар дода шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0