Мақомоти Итолиё иқрор шуд, ки 95% ғаллаи Украина ба кишварҳои Африқо намерафт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЗерно в цехе
Зерно в цехе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Обуна шудан
Набудани ғалла дар бозорҳои ба қитъаи Африқо таъсири манфӣ мерасонад, илова бар ин, ба гуфтаи Италия, боиси болоравии нархҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тақрибан 95% ғаллаи Украина ба Африқо интиқол намеёфт.
Дар ин бора Гвидо Кросетто, вазири дифои Итолиё дар мусоҳиба бо рӯзномаи “la Stampa” изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, набудани он дар бозорҳо ба қитъаи Африқо таъсири манфӣ мерасонад, илова бар ин, боиси болоравии нархҳо мешавад.
"Ҳама чиз бо ҳам алоқаманд аст ва ин, албатта, як унсури нигаронӣ аст. 95% ғаллаи Украина ба хориҷ аз Африқо содир мешавад, аммо вақте ин кишварҳо ғалла надоранд, ба ҷустуҷӯи он ба ҷои дигар мераванд, ки ҳатман боиси болоравии нархи ҷаҳонӣ мешавад", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи ин амалҳо хариди ғалла барои Африқо торафт душвортар мешавад.
Уборка зерновых в Донецкой и Луганской областях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Думаи давлатии Русия: формати созишномаи ғалла кӯҳна шудааст
Ба гуфтаи визири дифои Итолиё, ноором шудани ин минтақаҳое, ки бе ин ҳам мушкилоти зиёд доранд, бидуни шак ба Аврупо низ таъсири манфӣ мерасонад.
Тибқи маълумоти СММ, гирандаи асосии маҳсулоти кишоварзии Украина дар доираи созишномаи ғалла кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд, ки 38% тамоми интиқолро ташкил медоданж.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи ғалла, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ ба имзо расида буд, содироти ғалла, ғизо ва нириҳои украинӣ аз тариқи Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одессаро дар назар дошт.
Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи 17 июл дар бораи қатъи долони ғалла хабар дод. Ба гуфтаи вай, Маскав омода аст, имкони бозгашт ба созишро дар сурати риояи талаботҳои Русияи баррасӣ намояд.
Лентаи хабарҳо
0