Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

© SputnikЖенщина прячет от солнца под зонтиком в Душанбе
Женщина прячет от солнца под зонтиком в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Обуна шудан
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯзона то ба 42 дараҷа мерасад, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, шамол аз самти ҷанубу ғарб вазида, чангу ғубор дар кишвар боқӣ мемонад.
Манбаъ афзуд, ки ҳарорати ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ВМКБ ҳарорат 5+10 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм дар назар аст.
Суғдро ҳаво тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд, омадааст дар иттилоия.
Как в Душанбе спасаются от 43-градусной жары?  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Гармои тоқатфарсо: Сокинони Душанбе чӣ гуна худро аз офтоби сӯзон наҷот медиҳанд
Ҷануби Тоҷикистонро ҳавои камабри бебориш фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳои Хатлон шабона 23+28 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм дар назар буда, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона то ба 32+37 дараҷа гармӣ мерасад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш буда, шамол аз самти ҷанубу ғарб вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар пойтахт шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона ба 37+39 дараҷа мерасад.
Лентаи хабарҳо
0