Роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан баста аст

© IRSНа трассе Душанбе - Чанак устанавливают бетонные отбойники
На трассе Душанбе - Чанак устанавливают бетонные отбойники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба ҷамъоварии маблағу нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, гуфт, дар як соат роҳ кушода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бар асари сангрезӣ ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе - Чаноқ мутаваққиф шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", итттилоъ дод, ки ба ҷамъоварии маблағи нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки лағзиши кӯҳпораи азим дар километри 121- ум масири Душанбе - Чаноқ роҳ муваққатан баста шуд.
"Ба минтақаи мазкур техникаҳои филиали Ширкат сафарбар шуда, тасмими ҷиддӣ аст, ки дар давоми як соат монеаи зикршуда бартараф гардад", - омадааст дар иттилоия.
Ширкат ваъда додааст, ки баробари кушода шудани роҳ ҳатман иловатан иттилоъ дода хоҳад шуд.
Мумфаршкунии роҳи Бӯстон-Азизобод дар ноҳияи Мастчоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Роҳҳои Мастчоҳ ҳамвор мешавад: Аҳмадзода бел дар даст ба таъмир оғоз бахшид
Масири Душанбе - Чаноқ яке аз роҳҳои калидии Тоҷикистон мебошад, ки шимоли ҷумҳуриро бо марказу ҷануб мепайвандад. Ширкати IRS нигоҳдории қариб 348 километр роҳро ба уҳда дорад.
Қаблан хабар дода шуд, дар робита ба таъмир дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш, маҳдудият ҷорӣ карда шуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки то дар давраи то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардидааст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ амал мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин амалҳо бар асоси талаботи қарори ҳукумат "Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" сурат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0