Тоҷикистону Эрон барои рафъи монеаҳо дар тавсеаи тиҷорат талош хоҳанд кард

© Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷа ТоҷикистонМулоқоти бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эро
Мулоқоти бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Обуна шудан
Тоҷикистону Эрон масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузориву тиҷорат, ҷалби ширкатҳову сармоягузорони эрониро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон Ҳусейн Салоҳварзӣ мулоқот кард, иттилоъ додаастт вазорати умури хориҷаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузориву тиҷорат, ҷалби ширкатҳову сармоягузорони эронӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, баррасӣ анмуданд.
Инчунин тарафҳо дар мулоқот иштироки фаъолони иқтисодии Эрон дар форуму намоишгоҳҳо дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои расонаҳои эронӣ сарпарасти Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон Меҳдии Зийғамӣ дар мулоқот гуфт, тибқи барномарезиҳо муқарар шудааст то поёни сол гуфтугӯи бозаргонии Эрон дар Тоҷикистон мустақар шавад.
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Тоҷикистону Эрон масъалаи сармоягузориву тиҷоратро баррасӣ карданд
Вай дар дидор бо Низомиддин Зоҳидӣ дар Теҳрон, мавонеи тавсеаи тиҷорат миёни ду кишварро баррасӣ кард ва барои ҳалли онҳо ва сурат додани барномарезӣ ройзанӣ кард.
Вай бо баёни ин ки барномаи давлати сенздаҳум ва сафарҳои руасои ҷумҳурии ду кишвар ба Эрону Тоҷикистон нишон аз тавваҷуҳи вижа ба Тоҷикистон дорад, хотирнишон кард: Пешниҳоди мо ин аст, ки ҳамоиши мазкур бо ҳузури руасои ҷумҳурии ду кишвар баргузор шавад.
Сарпарасти Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон низ бо ишора ба коҳиши ҳаҷми тиҷорат миёни 2 кишвар, аз баррасии илал ва талош барои рафъи мавонеъ дар ҷиҳати тавсеаи тиҷорати Эрону Тоҷикистон хабар дод.
“Тибқи барномарезиҳо муқарар шудааст то поёни сол ройзани бозаргонии мо дар Тоҷикистон мустақар шавад”, - гуфт ӯ.
Меҳдии Зийғамӣ таъкид кард, ҳузур дар намоишгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ва эъзому пазириши ҳайатҳои тиҷории ду кишвар низ аз барномаҳои аслии Созмони тавсеаи тиҷорат дар ҷиҳати афзоиши мубодилоти тиҷорӣ маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0