Афғонистон пешсаф: Натиҷаҳои даври дуюми "CAFA Futsal Cup-2023" дар Душанбе

© ФФТТаджикские футзалисты
Таджикские футзалисты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Обуна шудан
Дар ҷамъбасти бозиҳои даври дуюми мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ тими Афғонистон дар садр қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал бо ҳисоби 4:2 бар дастаи Туркманистон пирӯз шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷамъбасти даври дуюми мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, футзалбозони Афғонистон бо ҳисоби 4:3 тими Ӯзбекистонро шикаст дода, бо 2 пирӯзӣ дар 2 бозӣ дар садри ҷадвал қарор доранд.
Дастаи Эрон бо ҳисоби 1:0 тими Қирғизистонро шикаст дод. Дастаи Қирғизистон бо 2 бохт дар 2 бозӣ дар охири ҷадвал қарор гирифтаст.
Маврид ба зикр аст, ки дар зӯрозмоии тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Ӯзбекистон дар даври аввал дар Душанбе тими меҳмон бо ҳисоби 2:4 пирӯз гардид.
Таджикский футболист Шохрух Сангов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Футболбози шинохтаи тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт
Дар вохӯриҳои дигари давр дастаи Афғонистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 ва дастаи Туркманистон бар футзалбозони Эрон бо ҳисоби 2:1 дастболо гардида буданд.
Ин нахустин мусобиқаи футзал миёни тимҳои миллӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.
Дар доираи мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" дар маҷмӯъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахабҳои миллии Афғонистон рӯзи 28 июл ва Эрон 30 июл рақобат мекунад. Баргузории ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар Душанбе дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0