Наҷоти куҳнавардони русу бритониёӣ аз куҳҳои Помир

© tourister.ruПик Исмоила Сомони, архивное фото
Пик Исмоила Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Обуна шудан
Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тайи рӯзҳои охир ду амалиёти наҷот дар куҳҳои Помирро анҷом додаанд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Гуруҳи панҷнафарии куҳнавардони Русия барои фатҳи қуллаи кӯҳ ба деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷи ВМКБ омада, яке аз онҳо дучори мушкил бо саломатӣ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ иттилоъ дода, афзуд, ки ҳангоми фатҳи яке аз қуллаҳо як узви гуруҳ, марди 50-сола аз эҳтимоли шамолхӯрии шушҳо шикоят кардааст.
Дар пайи муроҷиат ба КҲФ, ҳамаи куҳнавардони гуруҳ бо чархболи нерӯҳои марзбонӣ ба Душанбе интиқол дода шудаанд.
Манбаъ ҳамчунин дар бораи сарнавишти ду кӯҳнаварди бритониёӣ низ иттилоъ додаст, ки аз баландӣ дар куҳҳои Помир сарозер шудаанд.
Зикр гардид, ки ду сайёҳи бритониёӣ– Майкл Алан Фоуилери 67-сола ва Саймон Андрев Йейтси 60-сола аз тариқи алоқаи моҳвораӣ дар бораи нохушӣ бо онҳо иттилоъ доданд.
Учения МЧС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Амалиёти наҷоти се кӯҳнаварди хориҷӣ дар қуллаҳои Лахшу Помир: КҲФ тавсилотро гуфт
Онҳо барои фатҳи қуллаи "Патхор" воқеъ дар деҳаи Патхори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ баромаданд, аммо аз баландӣ сарозер шудаанд, тавзеҳ дод манбаъ.
Ба далели мушкилгузар будани макони ҳодиса, имдодгарон бо истифода аз аспу таҷҳизоти махсус пиёда ба ҷои таъиншуда расида, Майкл Алан Фоуилерро то деҳаи Девлохи Рӯшон расондаанд.
Ба далели эҳтимоли шикасти сутунҳмуҳраи куҳнаварди дуюм Саймон Андрев Йейтс имдодгарон бо ӯ дар баландии беш аз 4 ҳазор дар наздикии қуллаи Патхор монда, рӯзи дигар ӯро бо дастгоҳҳои махсус то деҳаи Девлох фаровардаанд.
КҲФ мегӯяд, бо чархболи Вазорати мудофиа дар назар аст, ки ин куҳнавардон ба Душанбе интиқол дода шаванд.
КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонон маслиҳат медиҳад, ки қабл аз рафтан ба минтақаи кӯҳистон ҳайати гурӯҳи сайёҳӣ бояд дар хадамоти наҷотдиҳӣ сабти ном шавад ва бе роҳбалад нараванд.
Лентаи хабарҳо
0